Антониу Гутерриш: «Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст». Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида мешавад

Март 20, 2018 11:56

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози  чорабиниҳои сатҳи баланд ҷиҳати раванди татбиқи ташаббуси   глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба    Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд.

Ин чорабиниҳои сатҳи баланд  22 март–дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об  ва айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ   расман шурӯъ  мегарданд.

Чун мо дар арафаи баргузории ин чорабиниҳои муҳими  мамлакат қарор дорем,   доир ба ин мавзӯъ аз сафари  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, ки  12 июни соли  2017  сурат гирифта буд,  ёдовар  шудан ба мақсад мувофиқ аст.

Антониу Гутерриш   ки  бори  нахуст ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баъди иштирок дар ҳамоиши махсуси сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» аз мавзеи зебоманзари кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ мавҷуд аст, дидан кард. Дар ин ҷо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд.

Антониу Гуттериш зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир дар ҳайрат монда, дар суҳбат бо хабарнигорони АМИТ «Ховар»  чунин гуфта буд:  «Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Дар ин робита ман аз сафарҳои худ қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо маблағ сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди Шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст. Ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед».

Доир ба  аҳамияти ин сафари   Антониу Гутерриш   коршиносони соҳа  чунин ибрози андеша карданд:

 Мудири шуъбаи географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои география Муҳаббат Холназаров:

— Имрӯз 80 давлати дунё аз оби тоза танқисӣ мекашанд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 аз минбари СММ нахустин шуда, мушкилоти оби тозаро бардошта буданд, ки он аз ҷониби кишварҳои зиёд ҳамовозӣ  пайдо кард. Бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикис­тон чанд чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи об баргузор гардиданд. Солҳои шастуми асри ХХ дар Осиёи Марказӣ 20 миллион нафар зиндагӣ мекарданд. Алҳол шумораи аҳолӣ дар минтақа ба 70 миллион нафар расидааст. Агар заминҳои обёришаванда он солҳо 4 миллион гектарро ташкил дода бошад, имрӯз он 9 миллион гектарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, оби Сирдарёву Амударё пурра ба баҳри Арал  нарасиданд. Сатҳи баҳр нисбат ба ҳолати аввалааш 37 метр паст шуда, 40 000 километри мураббаъ хушк гаштааст. Бо ин сабаб офатҳои табиӣ чанд соли охир зиёд рӯй дода истодаанд.

Сафари Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон  фоли нек аст. Умед аст, ки бо  мақсади таҳқиқоти пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияи мукаммал ташкил шавад. Зеро аз охирин тадқиқоти Институти географияи Академияи  илмҳои Федератсияи Россия 50 сол гузашт. Он экспедитсияҳое, ки баъзан ташкил мешаванд, дар ҳайаташон ашхоси ғайримутахассис зиёданд. Бояд мутахассисонро ҷалб намуда, хулосаи аниқи  илмӣ барорем, то хатарҳо пешгирӣ шуда, чораҳои мутобиқшавӣ андешида шаванд. Созмони Милали Муттаҳид метавонад чунин экспедитсияҳои барои минтақа хеле заруриро сарпарастӣ намояд.

 Мудири озмоишгоҳ оид ба захираҳои оби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, доктори илмҳои техникӣ Иброҳим Саидов:

— Масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшокӣ сол то сол ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил меёбад. Ба гуфти коршиносон, баъди соли 2030, ки теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 10 миллиард нафар мегузарад, ин масъала боз ҳам печидатар мегардад. Захираҳои оби Осиёи Марказӣ, ки  қисми зиёди он аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, миёни ҷумҳуриҳои минтақа тақсим шудааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар тақсимот саҳми Афғонис­тон ба инобат гирифта нашуда буд. Ҳол он ки бо беҳтар шудани вазъият мумкин аст, ки 300 000 гектар замини қисмати шимоли Афғонистон тавассути дарёи Аму обёрӣ шавад. Аз ин рӯ, ташвиши Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз обшавии пиряхҳои  Тоҷикистон бесабаб нест.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин дам чанд маротиба аз минбарҳои байналмилалӣ масъалаи босуръат обшавии пиряхҳоро ба миён гузошта буданд. Дарвоқеъ, боздоштани раванди босуръат обшавии пиряхҳо андешидани чораҳои қатъиро талаб мекунад. Чун Дабири кулли СММ вазъиятро аз  наздик дид, боварӣ дорем, ки дар самти ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ мебошанд, чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Март 20, 2018 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад