АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ: ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 843 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро созмон дод.
Тавре аз Осорхонаи миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиш бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ёдгориҳо ва асарҳои эҷоднамудаи устодону омӯзгорони донишкадаи мазкур ба намоиш гузошта шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» аз 17 март шурӯъ шуда, то 2 апрели соли 2018 идома меёбад.
Бояд зикр намуд, ки аз Наврӯзи соли 2017 то Наврӯзи соли 2018 дар маҷмӯъ 843 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ба фонди Осорхона ворид гардидаанд. Аз ин миқдор ёдгориҳо 431 адади онҳо дар намоиши мазкур ба маърази тамошо гузошта мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






