Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд

Март 12, 2018 12:28

        ДУШАНБЕ, 12.03.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  Маҷлиси намояндагон  хабар  доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Шӯро таъкид намуданд, ки мувофиқи  тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ба моддаи 15, қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим асоси қатъ гаштани фаъолияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ мегардад».

Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

 

Март 12, 2018 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад