Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Арманистон Армен Саркисян
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян барқияи табирикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Армен Варданович,
Ба муносибати аз ҷониби Парлумони кишвар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуданатон ба Шумо табрикоти самимии худ ва таманниёти муваффақиятҳоро дар фаъолияти минбаъдаатон ирсол медорам.
Тоҷикистон муносибатҳои наздики шарикиро бо кишвари Шумо қадр мекунад ва барои рушди бемайлони онҳо ҳавасманд аст.
Мутмаинам, ки бунёди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи равобити мутақобилаи миёни ду кишвар гузошташуда минбаъд таҳким ёфта, тамоми соҳаҳои нави ҳамкории мутақобиларо ба манфиати халқҳоямон фаро мегирад.
Ба Шумо, ҷаноби Президент саломатии бардавом, анҷоми неки ҳамаи иқдомҳо ва ба мардуми бародари Арманистон сулҳу бурдборӣ таманно дорам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






