Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2021 тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2018 «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 –2021» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ин барнома тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад.
Тибқи ин қарор Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барнома ва нақшаи мазкур муқаррар шуда, вазифадор гардид, ки бо сохторҳои марбута ҳамкориро ба роҳ монда, амалӣ гардидани онҳоро таъмин намояд.
Раёсати мазкур ҳамчунин муваззаф гардидааст, ки ҳар сол на дертар аз 10 январ доир ба корҳои анҷомдодашуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузориш пешниҳод намояд.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






