БОРИ АВВАЛ: дирӯз дар ҷумҳурӣ ҷашни касбӣ — Рӯзи фарҳанг таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аввалин маротиба Рӯзи фарҳанг таҷлил гардид.
Меҳмонони ҷашнро дар назди бинои донишкада бо оҳанги карнаю навои сурнай пешвоз гирифтанд. Намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дастовардҳои аҳли фарҳанг, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, саҳни донишкадаро зеб дода, ба он фазои идона зам намуд.
Қисми расмии чорабинӣ дар толори муассиса баргузор гардид. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода меҳмонони чорабиниро, ки аҳли фарҳангу санъат ва собиқадорони соҳа буданд бо таҷлили нахустин ҷашни касбӣ – Рӯзи фарҳанг муборак гуфта, беҳтарин таманниётро баҳрашон иброз дошт.
«Пешвои муаззамамон зимни мулоқоти навбатӣ бо зиёиён таъкид намуданд, ки мо миллати фарҳангиву фарҳангпарвар ҳастем ва ин сухан воқеияти комил буда, ба шарҳ ниёз надорад. Бо ҷашни Наврӯз мувофиқ омадани Рӯзи фарҳанг бори дигар ин ҳақиқатро собит мекунад, зеро ҳам Наврӯз ва ҳам фарҳанг рамзи зебоипарастӣ, садоқат ва бунёдкорӣ мебошанд. Аҳли нишасти ин толор ва кулли аҳли фарҳанг маҳз дорои накӯтарин хислати инсонӣ – зебоипарастиву зебоиофаринианд. Боиси ифтихори аҳли фарҳанг аст, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат ҷашни касбиамон яке аз ҷашнҳои мубораки зодаи даврони истиқлолият гардида, аз ин баъд ҳамасола он ботантана таҷлил карда мешавад», — гуфт Вазири фарҳанг.
Шамсиддин Орумбекзода оид ба вазъи имрӯзаи ҳаёти фарҳангӣ, дастоварду мушкилот, дурнамои фаъолияти соҳа ва нақшаҳои минбаъда маълумоти мухтасар дода, изҳори эътимод намуд, ки аҳли фарҳангу ҳунар бо дарки амиқи масъулият баҳри рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа тамоми нерӯи худро равона месозанд.
Аз номи собиқадорони соҳа аҳли фарҳангро Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Раҷабмад Амиров шодбош гуфта, иброз дошт, ки эътироф гардидани «Рӯзи фарҳанг» масъулиятро тақозо дорад. «Дар замоне, ки тақдири гузашта ва ояндаи фарҳанг дар дасти худи миллат ва хусусан эҷодкорони касбӣ вогузор гардидааст, онро бо пуррагӣ ҳифзу нигоҳ доштан ва ин баҳри маънавиётро бо офаридаҳои эҷодӣ ғанӣ гардонидан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштан рисолати мо фарҳангиён ба шумор меравад»- таъкид намуд Раҷабмад Амиров.
Номбурда аз номи собиқадорони соҳа якчанд пешниҳодро, ки барои рушди соҳаи фарҳанг мусоидат хоҳанд кард, ба самъи аҳли нишаст расонида, даъват ба амал овард, ки аз нуқтаи назари масъулиятшиносӣ ва ояндабинӣ ба мероси фарҳанги миллӣ ва рушди ояндаи он назар андӯзанд.
Сипас, собиқадорони соҳаи фарҳанг бо тӯҳфаҳо, фаъолони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанг», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати фарҳанг қадр гардиданд.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунарпешаҳои Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таҳия гардида буд, манзури меҳмонон гардид. Суруду тарона ва навозишу рақсҳои дилнишине, ки аз ҷониби ансамблҳои сурудҳои суннатӣ, сурудҳои эстрадӣ, созҳои миллӣ, созҳои нафасӣ ва ансамбли рақсии «Парвона» аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳо истиқбол гардиданд.
Боиси зикр аст, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, минбаъд ҳамасола 20 март ҳамчун “Рӯзи фарҳанг” дар миқёси ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»






