Бозёфти пораи чакан, ки ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дорад, нишони қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардуми тоҷик аст
Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миёни нигораҳое, ки дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд, зимни тамошо яке аз нигораҳои беҳтарине, ки диққати ҳар тамошобинро ба худ ҷалб мекунад, ин пораҳои матои чакан мебошанд, ки дар натиҷаи тадқиқоти бостоншиносӣ соли 1973 аз оромгоҳи Тифоқи ноҳияи Фархор дастрас гардидаанд. Нигораи мазкур ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дошта, яке аз нишонаҳои қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардумӣ-чакандӯзӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоте, ки тармимгарон ба муаррихон пешниҳод кардаанд, дар болои ин матои чакан дарахти ҳаёт ва паррандаи симурғ гулдӯзӣ шудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин пораҳои матоъ лаби домани курта ё лаби рӯймоли занона мебошанд.
Бо дарназардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти таҳқиқу таҳлили мардумшиносӣ дар илми ватанӣ минбаъд пурзӯр мегардад.
Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1981 дар хиёбони И. Сомонӣ (собиқ Путовский)-и шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар бахши этнографияи тоҷикон аз зумраи калонтарин муассисаи илмии мардумшиносӣ маҳсуб мешавад. Соли 2007 Осорхонаи мазкур ба кӯчаи Академикон Раҷабовҳо кӯчонида шуд. Ҳафтаи сипаришуда пас аз тармиму таъмири ҳамаҷониба аз ҷониби ширкати «Фароз» осорхона боз ба мавзеи аввалааш баргардонида шуд.
Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мудири Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Ашӯрмадова баён намуд, дар Осорхонаи мардумшиносӣ зиёда аз 11 ҳазор намунаҳои анҷому либосҳои қадимии хонаводагии мардуми Тоҷикистон барои тамошо вогузор гардидаанд. Маводи ихтисосии Осорхона ҳанӯз аз солҳои 1940-уми садаи гузашта аз ҷониби мардумшиноси шинохта М.С.Андреев ва шогирдонаш Н.Ершов, А. Писарчик, М. Ҳамидҷонова ҷамъоварӣ гардида, имрӯз омили ифтихору сарбаландии илми мардумшиносии мамлакат дониста мешавад.
Ҳангоми боздид дар байни нигораҳои Осорхонаи мардумшиносӣ ороишоти занонаи охири асри XVIII, коллексияи нассоҷӣ, намунаи матоъҳои алоча ва либоси марбут ба асри XIX, намунаи силоҳҳои ҷангии садаи мазкурро, ки маҳфуз мондаанд, метавон аз наздик дид.
«Имрӯзҳо коллексияи осорхонаро зиёда аз 11 ҳазор нигораҳое, ки баёнгари санъати мардумӣ, истеҳсоли ҳунарҳои анъанавӣ, ки фарҳанги моддӣ ва динии тоҷикон ва дигар миллатҳои хурди Тоҷикистон мебошанд, ташкил медиҳанд. Дар асоси нигораҳои осорхона «Албоми либосҳои тоҷикон», нашри соли 1969, «Албоми санъати амалии тоҷикон», ду маҷмӯаи руқъаҳо ва китоби «Санъати мардумии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Л. Додхудоева ва дигарон мураттаб гардидааст, ба нашр расидаанд»,-зикр намуд мудири Осорхона.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯзҳо баъд аз дубора таъмиру тармим шудани Осорхона шумораи тамошобинон зиёд гардида, аллакай чанд ширкати сайёҳӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо осорхона ва ҷалби сайёҳон ба ин макон баён доштанд.
Як нафар донишҷӯйи тамошобин Наргис Додхудоева аз дубора таъмиру тармим гардидани Осорхона изҳори хушнудӣ намуда, зимни суҳбат бо мо баён дошт, ки «вақте волидонамон ба мо мегӯянд, ки дар замони мову бибикалонҳои мо духтарон ин гуна либос мепӯшиданд, он гуна зевар ба бар мекарданд, ба худ мегуфтам, ки онҳо чӣ гуна бошанд? Хушбахтона, имрӯз имкон пайдо шуд, ки бо санъати либоспӯшӣ ва лавозимоти ороишии пешиниён аз наздик шинос шавем. Воқеан ҳам бо дидани ин гуна ёдгориҳо рӯҳи мо болидаву шод мегардад. Ҳамзамон бо дидани онҳо ҳиссиёте дар вуҷудам туғён мекунад ва бо гузаштаву имрӯзаи худ фахр мекунам»,-мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки Осорхонаи мардумшиносӣ аз чаҳор қисмат иборат буда, фарҳанги анъанавии тоҷикони шимоли мамлакат, ҷануби кишвар, Тоҷикистони марказӣ ва фарҳанги анъанавии тоҷикони Бадахшонро фаро гирифтааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»


















Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






