ЧАКОМАИ НАВРӮЗ. Ҳар дубайтии баҳорӣ як ҳикояти зебои рӯзгори инсон ва муҳити табиии баҳор аст
ДУШАНБЕ, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дубайтӣ аз рубоӣ бо вазнаш тафовут дошта аз чаҳор мисраъ иборат мебошад ва бештар дар вазни ахраб ва ахрами баҳри ҳазаҷ гуфта шудааст. Дубайтӣ яке аз жанрҳоест, ки мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар онҳо ситоиши манзараҳои зебои баҳории табиат, ҳолатҳои гуногуни зиндагии одамон дар раванди расидани баҳор, кишту кор ва ҳар гуна мушоҳидаҳои зарифу латифи инсон вобаста ба баҳору Наврӯз тасвир ёфтаанд. Ҳар дубайтии баҳорӣ як ҳикояти зебои рӯзгори инсон ва муҳити табиии баҳор аст. Дар он ҳам шодиву сурури баҳорӣ инъикос ёфтааст ҳам мушкилоту нокомию ғаму ғуссаи инсон тасвир гардидааст.
Ҳамин ки зимистон рафта, Наврӯз нахустин қадамҳои худро бо шукуфтани гулҳои баҳорӣ ба монанди гули наврӯзӣ, гули сиёҳгӯш, бойчечак ва амсоли ин мегузорад, қабл аз ҳама, хурдсолону наврасону ҷавонон ба суруду тарона ба истиқболаш мераванд, ки бархе аз он дубайтиҳои мардумӣ аст. Баҳору Наврӯз, сабзиши табиату гиёҳу гулу дарахтон, ҷунбиши тозаи тамоми ҷондорон, оғози кишту кори деҳқон аз замонҳои қадим то имрӯз ба воситаи дубайтиҳои мардумӣ ситоиш шудаанд.
Дар ин навъ пораҳои манзум эҳсосоти баланди инсон вобаста ба ҳамон шароиту вазъияти рӯзгор инъикос ёфтааст. Сарояндаи ин навъ ашъор шодиву сурур, дарду ғам, фалсафаи зиндагӣ, падидаи ҷолиби рӯзгори хешро вобаста ба баҳру Наврӯз баён намуда, худро таскин медиҳад.
Ҳар кадоме аз дубайтиҳои баҳорию наврӯзӣ аз ҷониби гӯяндаи нохондае суруда шуда, баъд бо гузашти замон ба диду салиқаи мардум хеле муносиб гашта, аз даҳон ба даҳон паҳн мегардад. Дар натиҷа сарояндаи нахустин худро аз даст дода, дар манотиқи гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон густариш ёфта, дорои вариантҳои гуногун шудааст. Дар раванди сароиш гӯянда аз он чизе кам ва ё баръакс чизе илова мекунад. Аз ин рӯ, дар аксари маворид ин гуна ашъори дилангези мардумӣ аз ҷиҳати вазн ё дуруст аст ё сактагӣ дорад.
Баҳору Наврӯз ин шодмонӣ ва хушҳолии инсон аст. Барбари фаро расидани он мардум бо табассуму чеҳраҳои боз, суруру шодмонӣ менамоянд; аз шукуфтани табиат, гулҳои рангоранг, хониши булбул, мурғони чаман ба ваҷд меоянд ва ҳолати рӯҳии худро тавассути ин дубайтиҳо баён месозанд. Ё ки ошиқи дилбаста баробари расидани баҳору Наврӯз атрофиёнашро ҳамду сано гуфта, ҳолати худро ба булубул монанд намуда, чи гуна дар ишқи маъшуқ сӯхтанашро тасвир менамояд.
Ишқу ошиқӣ як ҷузъи ҷудонопазири рӯзгори инсон аст, ки бидуни он зиндагиро тасаввур кардан номумкин аст. Дар бархе аз дубайтиҳои мардумӣ дидани чеҳраи ёр ба мисли шодмонии наврӯзӣ аст. Дар гузаштаҳо дар фасли сармо мулоқоти ошиқу маъшуқ мушкил буд. Одатан ошиқу маъшуқ низ бо расидани фасли баҳор баробари мавҷудоти дигари табиӣ хушҳолу пурҳаркат мешуданд. Дидору шодиву сурури дилдодагон, ки ба дилҳо шукуфоӣ мебахшад, бештар вобаста ба баҳору Наврӯз сурат мегирад. Аз ин рӯ, маҳз дар ин фасл сурудани дубайтиҳои ошиқонаи шодибахш бештар аст. Тибқи оинҳои мардумӣ ҳама баробари расидани Наврӯз ид мекунанд, шодиву сурур ҳама ҷоро фаро мегирад. Масалан, дар дубайтии зерин аз як тараф пайки баҳору расидан иди Наврӯз тасвир шуда бошад, аз тарафи дигар муҳим будани дидорбинӣ ошиқро дар ин фасли зебои баҳорӣ ба ваҷд меорад. Барои ошиқон расидан ба дидори якдигар ба мисли баҳор аст. Ҳамон лаҳзаи ваъдаю дидори баҳориро ошиқ бо самимият чунин баён намудааст:
Худат гуфтӣ, ки ваъда дар баҳор аст,
Баҳор омад дилам дар интизор аст.
Баҳори ҳар касе ид аст – Наврӯз,
Баҳори ошиқон дидори ёр аст.
Гӯяндаи дубайтии зерин аз омадани баҳор масрур шуда, ёрашро дар боғи худ мебинад ва баробари расидани фасли баҳори нозанин, ӯ низ чашмони нигорашро махмур дида, шод мегардад:
Баҳор омад, баҳорро нур дидам,
Ба боғам ёрро аз дур дидам.
Нишастам бар сари боғи баланде,
Ду чашми дилбарам махмур дидам.
Ё ки дар дубайтии дигар ошиқ ба маъшуқааш муроҷиат намуда, мисли гулҳои баҳорӣ шукуфону печон, чу булбул нолон, ба завқи якдигар хандон буданашро таманно намуда мегӯяд:
Баҳор омад, чу гул хадида бошӣ,
Гулу гулбарг, ба ҳам печида бошӣ.
Чу булбул дар чаман нолида бошӣ,
Ба завқи якдигар хандида бошӣ.
Дубайтиҳое, ки дар онҳо баҳор ва зебоиҳои он тасвир шудаанд, бештар ба ишқу ошиқӣ вобаста аст. Дар онҳо рӯҳияи ошиқ ё маъшуқ инъикос гардидааст. Масалан, дар дубайтии зерин гӯянда баҳори нозанинро шабеҳи ҳусни ҷавонӣ намуда, аз он баҳра бурданро талқин менамояд ва таъкид месозад, ки умри кутоҳи инсон ва ҳусни ҷавонӣ зудгузар аст, пас онро бояд ғанимат шумурд:
Баҳор омад, биё эй ёри ҷонӣ,
Навозиш кун ба лутфу меҳрубонӣ.
Гузашта меравад умри дурӯза,
Намемонад ҳамин ҳусни ҷавонӣ.
Дар бархе аз дубайтиҳои баҳорию наврӯзӣ мардум аз он шод мегарданд, ки замони кишту кор расидааст. Чунки инсон дар гузаштаҳо ва ҳоло низ бештар ба воситаи кишту кор соҳиби ризқу рӯзии худ мешавад. Ба хусус деҳқонони заҳматкаш аз расидани фасли гармо шод мегарданд. Ин дубайтиро тоҷикони Афғонистон гуфта, онҳо хушҳол мешаванд, ки «Малики кишту кор омад». Гӯяндаи он аз он шод мегардад, ки баробари омадани баҳор ва оғоз шудани кишту кор ба сараш рӯзгори нек рсидааст:
Баҳор омад, баҳор омад, хуш омад,
Малики кишту кор омад, хуш омад.
Ҳамагӣ мераванд сӯи Шимолӣ,
Саракам рӯзгор омад, хуш омад.
Дар ин дубайтӣ Шимолӣ номи ҷой аст, ки гоҳе ин дубайтӣ ҳамроҳи сарояндагони худ ба минтақаҳои дигар сафар карда, номи макон, вожаҳо ё ибораҳоро иваз мешавад. Аз ҷумла, дар варианти дигари ҳамин дубайтӣ гӯянда ҳам зебоии ёрашро ситоиш менамояд ва ҳам зиёд шудани кору бори зиндагиашро ёдовар мегардад:
Буҳор омад, буҳор омад, гули ман,
Замони кишту кор омад, гули ман.
Биё, ёрҷон рӯйи ту чун шукуфа,
Ки корҳо бешумор омад, гули ман.
Чаро баъзе аз гӯяндагон шодию нишот ва дар айни замон ҳолати ғаму ғуссаи худро бо баҳору Наврӯз вобаста кардаанд? Чунки дар баҳору Наврӯз зиндагӣ дигар мешавад, соли нав меояд, он рӯзҳо айёми шодмонӣ аст, ҳама хушҳол ҳастанд, вале бархе одамон дар ин рӯзҳо гирифтори дарду алам мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо афсӯс мехӯранд, ки дар ин рӯзҳои хушҳолӣ ба ивази он ки мисли дигарон шод бошанд, вале гирифтори ғам ҳастанд. Ба ин восита ҳолати рӯҳии худро дар ин қолаби шеърӣ ба дигарон мерасонанд, ки на ҳамаи инсон дар ин рӯзҳо шод аст. Дар дубайтии дигар қаҳрамони лирикӣ лаҳзаи ногувори зиндагии худро баён намудааст. Ӯ аз он шикоят менамояд, ки фасли баҳор омада бошад ҳам, вале «баҳор»-и ӯ, яъне ёраш наомад. Чунки душманон ёри ӯро аз канораш рабуданд. Ин дубайтӣ марсияро ба ёд меорад. Ӯ ҳасрату талхии рӯзгорашро ба таври зерин баён намуда, «илоҳӣ душмано нобуд гарда» гӯён, онҳоро дуои бад менамояд:
Баҳор омад, баҳори ма наёмад,
Гул омад, гулзори ма наёмад.
Илоҳӣ, душмано нобуд гарда,
Ки ёрам дар канори ма наёмад.
Қариб дар аксари дубайтиҳои мардумӣ зебоиҳои баҳор, хушиҳои он, шар-шари ҷӯйбор, заминҳои шукуфазор, кӯҳу саҳрои лолазор, намоён шудани гулзор ба монанди савсан, сароидани булбул ва амсоли ин ситоиш шудаанд. Аз шунидан ва хондани чунин дубайтиҳои мардумӣ ҳам шунаванда ва ҳам хонанда лаззат бурда, роҷеъ ба зебоиҳои табиати фусункор тасаввуроти нек пайдо менамояд. Масалан, ба ин дубайтиҳо нигаред:
Биё, ёрҷон, ки фасли навбуҳор аст,
Ба ҳар сӯ шар-шари оби ҷубор аст.
Биё, ёрҷон кунем сайри шукуфа,
Тамоми кӯҳу саҳро лолазор аст.
Буҳор омад, биё, эй сарви симин,
Зи ҷӯши лола саҳро гашта рангин.
Магӯ аз савсане дора ҳикоят,
Ки булбул мекунад овози ширин.
Буҳор омад, гулистон мушкбор аст,
Зи ҷашни лола саҳро зарнигор аст.
Буҳор омад, гулу булбул ҳамоғӯш,
Чаман дар базми гул оташқатор аст.
Нишаста булбуле дар фасли Наврӯз,
Ба гул гуфт: эй аниси қалби пурсӯз.
Ба нози ишқ ҳамрангӣ бибояд,
Зи барги гул лаби нозук биёомӯз.
Буҳор омад, шукуфа карда тӯфон,
Бишин дар зери шохи гул парешон.
Биреза барги гул бар мӯю рӯят,
Дарахти гул шавад дар пушта ҳайрон.
Дар дубайтии зерин гӯянда ду фаслро, яъне баҳор ба хазонро (тирамоҳро) муқоиса намуда, чунин натиҷагирӣ намудааст, ки дар фасли баҳор гулҳо зинда ва ҷамоли моҳи нав тобанда мешавад. Вале ба андешаи гӯяндаи мушоҳидакор бо вуҷуди дар тирамоҳ «ранги тиллоӣ» доштанаш, дар фасли хазон либоси боғ гӯё «мурда» мегардад. Ба назар чунин мерасад, ки барои қаҳрамони лирикӣ баҳор назар ба фасли хазон мақбултар аст:
Баҳор хуб аст, ки гулҳо зинда меша,
Ҷамоли моҳи нав тобанда меша.
Хазон, ранги тиллоита набинам,
Либоси боғ аз ту мурда меша.
Дар ҳар кадоме аз дубайтиҳои баҳорӣ лаҳзаҳои гуворои рӯзгори одамӣ дар пайвасти зебоиҳои баҳор суруда шудааст. Ин дубайтиҳои оҳангин манзараҳои рангинро ба пеши назар ҷилвагар месозад, ки дар аксари онҳо гулу булбул чун рамзи ошуқу маъшуқ дар канори ҳам ҳастанд:
Баҳор омад ба чашми ман гул афтод,
Зи гул шӯре ба ҷони булбул афтод.
Дилам ошуфтаи зулфи нигор аст,
Ба дастам риштае аз сунбул афтод.
Дар Наврӯзу баҳор ҷавонон ба чидани гулҳои тару тоза рафта, аз зебоӣ ва нафосати он баҳра мебаранд. Зимнан эҳсосоти худро нисбат ба маъшуқаи худ, дар муқоиса бо «гулҳои чиданӣ» баён менамоянд.
Дар дубайтии зерин гӯяндаи ошиқ хушҳол аст, ки баҳор омадааст, вале аз танҳоии худ менолад:
Баҳор омад, ки ман шайдо бигардам,
Дуто қумрӣ лаби дарё бигардам.
Дуто қумри лаби дарёи Кӯкча,
Мани мискин читу танҳо бигардам.
Расидани Наврӯз ин соли нави хуршедӣ аст. Мардум баробари расидани соли нав ҳамдигарро табрик менамоянд. Дар дубайтии зерин як лаҳзаи ин навъи муборакбодӣ тасвир шудааст:
Муборак боша соли нав, ватандор,
Хушӣ ҳамройи ту рӯзу шав, ватандор.
Шаби ширин насиби ҷони ту бод,
Набошад чашмакоят бехав, ватандор.
Ногуфта намонад, ки вариантҳои дубайтиҳои мардумии баҳорию наврӯзӣ дар ҳар се кишвари ҳамзабон (Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) дида мешаванд. Дар аксари онҳо рӯҳияи шодиву нишоти мардум тасвир ёфтаанд. Дар баъзе аз нокомиҳо низ ёдоварӣ шудааст. Бояд гуфт, ки дубайтиҳои наврӯзию баҳорӣ оҳангҳои махсуси дилнишни худро дошта, мардум онҳоро баробари расидани шукуфтани сабзаву гулу лола бо созҳои мусиқӣ месароянду мерақсанд.
Равшан РАҲМОНӢ,
Профессори ДМТ