Дар арафаи иди Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистонро метавонанд убур намоянд
ДУШАНБЕ 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯз ва минбаъд тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон метавонанд сарҳади давлатиро убур намоянд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Тавре манбаъ хабар дод, барои убури сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ, то 1 феврали соли 2022), Шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ, то 1 феврали соли 2022).
Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ), Шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022) ва Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонем, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадии ҷонибҳо аз рӯи реҷаи зерин фаъолият менамоянд:
Гузаргоҳҳои автомобилии “Патар” (ноҳияи Конибодоми в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Андархон” (ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ”, “Фотеҳообод” (ноҳияи Мастчоҳи в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Ойбек” (ноҳияи Бекободи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ”, “Саразм” (шаҳри Панҷакенти в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Ҷартеппа” (ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ”, “Дӯстӣ” (шаҳри Турсунзодаи навоҳии тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Сариосиё” (ноҳияи Узуни вилояти Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ”, “Айвоҷ” (ноҳияи Шаҳритузи в. Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Гулбаҳор” (ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ, “Равот” (ноҳияи Конибодоми в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Равот” (ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Навбунёд” (ноҳияи Ашти в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Пап” (ноҳияи Папи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Қуштегирмон” (ноҳияи Спитамени в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Платина” (ноҳияи Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Зафаробод” (ноҳияи Зафарободи в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Хавостобод” (ноҳияи Хавости вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Ҳаштияк” (ноҳияи Спитамени в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Хавостобод” (ноҳияи Хавости вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Ҳавотоғ” (ноҳияи Зафарободи в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Учқурғон” (ноҳияи Замини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Ӯротеппа” (ноҳияи Истаравшани в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Қушкент” (ноҳияи Замини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври дуҷониба бо низоми кории рӯзона фаъолият мекунанд.
Гузаргоҳҳои роҳи оҳани “Нов” (ноҳияи Спитамени в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Бекобод” (ноҳияи Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмилалӣ”, “Истиқлол” (ноҳияи Конибодоми в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Андархон” (ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмилалӣ”, “Пахтаобод” (шаҳри Турсунзодаи навоҳии тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Узун” (ноҳияи Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмилалӣ”, “Хошадӣ” (ноҳияи Шаҳритузи в. Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Амузанг” (ноҳияи Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва “Байналмиллалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.








АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд






