Дар Брюссел имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

Март 12, 2018 16:34

ДУШАНБЕ, 12.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 8 марти соли 2018 дар шаҳри Брюссел дар Пажӯҳишгоҳи аврупоии таҳқиқоти кишварҳои Осиё форуми сармоягузории кишвари мо зери унвони «Тоҷикистон: имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин чорабинии муҳим  роҳбарони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия, Парлумони Аврупо, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, намояндагони ширкатҳои бузурги аврупоӣ дар бахшҳои гуногун ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвари мо дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ширкаткунандагони нишастро ба ҳамкории созандаву мутақобилан судманд байни Тоҷикистону аъзои Иттиҳоди Аврупо даъват кард.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо барномаи фарогири муаррифии имконоти сармоягузории кишвар суханронӣ намуда, муҳимтарин бахшҳои барои сармоягузорӣ ҷолиби Тоҷикистонро ба ҳозирин шинос кард.

Таваҷҷуҳи вижаи ҳозирин ба бахши сайёҳӣ ҷалб карда шуда, афзоиши теъдоди сайёҳон аз Аврупо ва бахусус кишварҳои Бенилюкс  дар солҳои охир ба Тоҷикистон таъкид гардид.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, барои беҳтарин имкониятҳои ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтори ин соҳа шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар нишаст филми махсус доир ба сайёҳӣ ва имкониятҳои он дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки барои ҳозирин хеле мароқовар буд.

Сипас Борис Ярошевич, роҳбари бахши Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо, Шираз Каруи – Мушовири роҳбарияти Бонки сармоягузории Аврупо, Гуилим Ҷонс, роҳбари намояндагии Бонки рушду таҷдиди Аврупо дар Брюссел ва дигарон дар мавзӯи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуда, тағйироту таҳаввулоти дар фазои сармоягузории кишвар ба амал омада, имтиёзоти ба сармоягузорон ироашаванда ва зарурати ҳамкории босамар бо Тоҷикистонро таъкид намуданд.

Форуми сармоягузории Брюссел ҷиҳати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сармоягузории кишвар ва алалхусус дар бахши сайёҳии он иқдоми ҷиддиву созандае гардид.

 

Март 12, 2018 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид