Дар ноҳияи Ёвон ба пешвози Наврӯзи Аҷам зиёда аз 1000 бех ниҳол шинонида, чанд иншооти маишӣ ба истифода дода шуданд

Март 20, 2018 11:20

ЁВОН, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, бо мақсади озода нигоҳ доштани муҳити атроф ҳар рӯзи шанбе дар саросари ноҳия ҳашарҳои дастҷмъона баргузор мекунанд. Дар ин ҳашарҳо кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона ширкат меварзанд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддин Раҷабов иттилоъ дод.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзеи нақби обгузари   Бойғозӣ-Ёвон, ки 18 майи имсол ба оғози фаъолияташ 50 сол пур мешавад ва ҳамасола зиёда аз 35 000 гектар заминҳои ноҳияҳои Ёвон, А.Ҷомӣ ва Хуросонро обёрӣ мекунад, ҳашари васеи  ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд. Дар он беш аз 1000 нафар сокинони ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзида, зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинониданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар арафаи  ҷашни Наврӯзи фархунда дар ҳудуди ноҳия якчанд иншооти ҷашнӣ, аз қабили майдончаи варзишӣ, ҳаммом, маркази савдо ва   дорухонаи замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 

 

Март 20, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад