Дар пойтахт Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2018 Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи ин иҷлосия баррасии як зумра масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт ворид гардидаанд.
Аз ҷумла, оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, дар бораи шунидани ҳисоботи раисони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, дар бораи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.
Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш карда мешавад, ки аз 2 то 14 марти соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






