Дар шаҳри Боку ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар шаҳри Боку Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо дафтари Намояндагии СММ дар ин кишвар бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши идона доир намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, олимон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО-и кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Боку ҷиҳати иштирок дар Форуми VI ҷаҳонии Боку қарор дошт, ширкат варзид.
Дар ҳамоиш бо таваҷҷуҳ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, аз ҷониби Сафорат гӯшаи Тоҷикистон ороста шуд, ки дар он ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбоби гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ, китобҳо, аксҳо бо ишораи рамзи наврӯзӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҷамъомад Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ва Намояндаи дафтари СММ дар Озарбойҷон Ғулом Исакзай сухан гуфтанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






