«ДУ МИЛЛАТИ ҲАМСОЯ ВА ДӮСТУ БАРОДАР ИН РӮЗРО КАЙҲО БОЗ МУНТАЗИР БУДАНД». Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова дар бораи оғози муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Март 13, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  9-10 марти   соли ҷорӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифу тамаддунофар, фарҳангсолору меҳанпарасти тоҷик боз як рўйдоди муҳими таърихӣ ба вуқўъ пайваст, ки наметавонад ҳар як фарди бедордилу меҳанпарастро бетараф гузорад.   Рўзҳои 9-10-марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович бо сафари давлатӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки он аввалин сафарии расмии давлатии роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи сафари мазкурро дарвоқеъ оғози таҳаввулоти ҷиддӣ, гардиши куллӣ ва рўзи таваллуди муносибатҳои  нави ҳамкорӣ миёни ду давлати дўсту ҳамсоя бояд эътироф кард.

Дар доираи сафари давлатӣ  миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бастаи бузурги созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки онҳо тамоми соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки рушди муносибатҳои барои барои ҳарду ҷониб манфиатборро  фаро мегиранд.

Давоми он рўзҳо мо барҳақ шоҳиди ҳодисаҳои фараҳбахши таърихӣ ва дастоварди беназири сиёсати мувафақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ гаштем, ки  он аз  кӯшишу талошҳои  бобарор, ҳадафмандона ва  дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди ғаюру фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин рўзи неку саидро   миллати    тоҷикону узбекҳо  кайҳо боз мунтазир буданд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, пиру барно  он лаҳзаҳои таърихиро тавассути  воситаҳои  ахбори омма бо чашми умед тамошо карда, аз ба имзо расонидани аҳду паймонҳои  дустию бародарӣ ва  ҳамкорӣ  миёни ду миллати дорои умумиятҳои зиёд хушҳолӣ мекарданд ва беихтиёр ашки шодӣ мерехтанд.

Бояд эътироф намуд, ки ба роҳ модани робитаҳои дўстӣ, дипломативу иқтисодӣ  ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн бо кишварҳои ҳамсоя аз рўзҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тақвият ва густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Узбекистон ҳамеша аз бахшҳои калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод. Бо вуҷуди андешидани тамоми тадбирҳо омилҳое буданд, ки то андозае барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба монеа эҷод мекарданд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо азму пайкори бемисл, иродаи қавии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон  вақтҳои охир сатҳу сифати навро касб намуда, заминаҳои устувору боэътимоди қарордодиву ҳуқуқиро дар густариши ҳамкориҳо асос гузоштанд.

Бинобар ҳамин кулли санадҳои ҳуқуқии ба имзорасида миёни кишварҳои ба ҳам дусту бародар аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, ба таҳкиму пешрафти  муносибатҳо барои  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат манфиатдор, аз ҷумла мудофиа, амният, маориф, илм, тандурустӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, гардиши савдои хориҷӣ, интиқоли бор, табодули молҳо, нақлиёт, саноат, сайёҳӣ, озодии ҳаракат, ва ғайра мусоидат менамоянд. Кушода шудани беш аз 10 гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба муҳлати то 30 шабонарўз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя аз бузургтарин иқдомҳоест, ки дар доираи ин сафари давлатӣ роҳандозӣ гаштанд. Дар асл аз нав ба ҳам овардани дилҳо, пайвастани риштаи дўстию муҳаббат, бародарию шавқат миёни  ду халқу миллате, ки тайи садсолаҳо дар як сарзамини таърихӣ паҳлу ба паҳлуи якдигар  мезистанд, аз як ҳаво нафас кашидаву аз як ҷуй об менушиданд, муносибатҳои хешу таборӣ ва фарҳангу анъанаҳои  якхела доштанд, азобу уқубат ва ҷабру ҷафои зиёдеро аз массири таърих таҳаммул кардаанд, бояд мардонавор эътироф намуд, ки ин як ҷавонмардӣ, корнамоии бемисл ва қаҳрамонист. Акнун баъд аз 20 соли маҳдудиятҳо, мушкилиҳо ва аз ҳам дуриҳо дубора имкони таърихӣ фароҳам оварда шуд, ки мардум ба аёдати хешу ақрабо, фарзандони ҷигарбанд, дустону наздикону якдигар  ва ҷиҳати таҳкими робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бе ягон монеа сафар анҷом диҳанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дарвоқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур  кардан имконнопазир аст. Дар асл таърих гувоҳ аст, инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои муаззами миллати тоҷик  тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳилҳои мурод расонад. Ба имзо расидани силсилаи зиёди санадҳои муҳими таърихию тақдирсоз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба таҳкиму рушди  робитаҳои дустию бародарӣ ва шарикии стратегӣ миёни ҳарду ҷониб мусоидат менамояд, дар заминаи роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву  сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки    фарзанди содиқу вафодори миллат   Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Аминем, ки таҳкиму густариши муносибатҳои неки ду миллату давлати дусту бародар, ҳамфарҳангу ҳамсоя ба болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ    ва таъмини сатҳи шоистаи зиндагонии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 

Руқия ҚУРБОНОВА,

Раиси Шўрои собиқадорони

Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон

Март 13, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст