Дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқот барои Ҷоми Аврупо соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд!

Март 5, 2018 15:57

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ«Ховар»/.  Рӯзҳои 3-4 марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид. Дар он дзюдочиёни навраси мо сазовори 2 медали биринҷӣ шуданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии   Тоҷикистон ба  хабарнигори   АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа 381 варзишгар аз 23 кишвар дар 8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон барои медалҳо талош карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар миёни писарон намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ҳисоби даставӣ дастаи мизбон – Туркия бо ба даст овардани 7 медали тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Дастаи мунтахаби Қазоқистон бо 5 медали тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои дуюм ва  дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ба даст овардани 2 медали биринҷӣ дар ҷои 14-ум қарор гирифт.

 

Март 5, 2018 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе