Дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқот барои Ҷоми Аврупо соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд!
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Рӯзҳои 3-4 марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид. Дар он дзюдочиёни навраси мо сазовори 2 медали биринҷӣ шуданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа 381 варзишгар аз 23 кишвар дар 8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон барои медалҳо талош карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар миёни писарон намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ҳисоби даставӣ дастаи мизбон – Туркия бо ба даст овардани 7 медали тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Дастаи мунтахаби Қазоқистон бо 5 медали тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои дуюм ва дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ба даст овардани 2 медали биринҷӣ дар ҷои 14-ум қарор гирифт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






