ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МО ҲАМСОЯҲОИ ХУДРО ҲЕҶ ГОҲ БЕ ОБ НАХОҲЕМ ГУЗОШТ»
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард.
Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт». Ин суханонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, изҳор намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавиро дар истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд.
Сарвари давлат ҷиҳати рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Бино ба андешаи Президенти мамлакат, иншооти мавҷуда ва бунёдшавандаи гидроэнергетикӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу энергетика дар минтақа аҳамияти бузург доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






