Эмомалӣ Шералиев: “Наврӯз – ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, нерубахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагиҳо шинохта шудааст”

Март 19, 2018 13:51

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди  тоҷик  тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиаш — Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта,  то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад. Ҷашни Наврӯз 23 феврали соли 2010 дар 64 -умин  Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст». Воқеан ҳам Наврӯз ҳамчунин  ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ,  бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ ва  зудояндаи занги кинаву  озурдагӣ шинохта шудааст.

Агар ба самти иҷтимоӣ-иқтисодии Наврӯз назар афканем, он ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7-3 п.а.м. нисбат дода мешавад. Мувофиқи очеркҳои таърихӣ ва ривоятҳои  асотирии халқҳои гуногун Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози  баҳор, яъне дар айёми  Наврӯз  шурӯъ  кардааст. Халқҳои  эронинажод то ислом  ва  баъди он низ  Наврӯзро  рӯзи аввали сол  меҳисобиданд. Ин тарзи ҷашнгирии Наврӯз то ба мо омада расидааст ва ҳамасола он дар саршавии  соли нав, ки ба рӯзи якуми моҳи фарвардин рост меояд, таҷлил мегардад.

Дар табиат ҷашн гирифтани Наврӯз ба инсон лаззати эстетикӣ (равонӣ) бахшида, инсонро ба дӯст доштану эҳтиром намудани  қонунҳои инкишофи табиат ва ҷомеа водор месозад.  Наврӯз ин  талқин кардани дӯстӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва зери шиори «зиндагиро аз нав дидан» мардумро ба ҳам овардан аст. Наврӯз иди кишоварзон аст ва нахуст деҳқон ба кишт кардан дар ин айём саъй мекунад. Ин ойин низ дар байни халқ хеле машҳур аст ва онро бо унвони «Фолгирӣ» ё «Фоли деҳқонон» нисбат медоданд. Мафҳуми фол дар ин ҷо бо маънии пешгӯӣ ё ояндабинӣ истифода шудааст, ки иборат аз сабзонидани ғалладонагиҳо мебошад. Ин усул то ҳол дар мардуми кӯҳистон, бахусус деҳқонон боқӣ мондааст. Марди деҳқон аз сабзидани ғалладонагиҳо, аз қабили нахӯд, ҷав, гандум, наск, арзан ва ғайра фол мегирифт, ки соли меомада чӣ гуна сол аст ва дар ҳамон сол аз он тухм бештар кишт мекард. Ин бо гузашти солҳо маънии нав пайдо кард ва маънии таъмини амнияти озуқаворӣ ва экологиро ба худ касб кард.

Рӯ овардан ба рушди иқтисодиёти саноатӣ-аграрӣ минбаъд  ҷумҳурии  моро метавонад ба як давлати  содиркунанда табдил дода, ба ҳалли масъалаҳои муҳими он мусоидат  менамояд. Инчунин иқдомҳои чандинсолаи ҳукумати  мамлакат  дар бахши энергетика низ ба саноати кунунӣ рабт дошта, дар оянда истеҳсоли зиёди барқ низ ба корхонаҳои саноатӣ равона  мешавад. Ин имконият медиҳад, то мо аз кишвари аграрӣ-индустралӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта, иқтидори техникӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва вазъи экологии шаҳрҳои калон ва ноҳияҳои саноатӣ, барои таҳкими раванди ҳамгироии амиқтару васеътари соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус дар шинонидани дарахтон ва гулу буттаҳо дар муассисаю корхонаҳо, гулгашту хиёбонҳо, хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин тозаю озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист мебинем.

Бунёди наврӯзгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, ҷойҳои таърихӣ, ки сол то сол  дар мамлакат теъдодашон меафзояд, дар баргузории ҷашнҳои оммавӣ, бахусус Наврӯзи оламафрӯз созгор буда, ин маконҳо мардумро барои  ба  ҳам омадан, дар дӯстию  иттифоқ зистан ва дар ҳама мушкилиҳои зиндагӣ дастгири  якдигар будан  ҳидоят менамоянд. Аз ҷониби дигар, эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, иқтидори табиӣ-иқтисодӣ, сайёҳию кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеи ҷалби сармоягузориро ба иқтисодиёти кишвар афзун менамояд. Барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани ин иқдомот Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар Паёми имсолаи  Президенти мамлакат  махсус таъкид гардид, ки ҷумҳурии  мо барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ, сохтмони иншоотҳои табобатию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ, корхонаҳои тандурустӣ имкониятҳои васеъ дорад. Махсусан, тавассути ҷалби сайёҳони хориҷӣ мо метавонем ин иқдомҳои некро амалӣ намуда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва некуаҳволии кишвар мусоидат намоем.

Барои амалӣ гардидани ин ниятҳои нек аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод намудани истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулотҳо ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин боз аз ғамхориву дастгирии бесобиқа нисбат ба ҳунармандону косибони мардумӣ аз ҷониби Пешвои некбину дурандеши миллатамон гувоҳӣ медиҳад. Дар айёми баргузории ин ҷашн мардуми кишвар маҳсули меҳнати кишоварзӣ, саноатӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, наққошӣ, кандакорӣ ва китобҳои тозанашрро пешкаши мардум мегардонанд, ки ҳикмати бузург дошта, барои муаррифии Тоҷикистон мусоидат намуда, ба самти истеҳсолот таваҷҷуҳро зиёд менамояд.  Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи меҳнати софдилона ва амалӣ гардидани ниятҳои дар Наврӯз кардаи мардум мебошад. Аз ҷониби дигар, тарғиб ва фурӯши ин масолеҳ ба беҳшавии вазъи иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни косибону ҳунармандон эҳёи тоза ёфта, самараи меҳнати эшон на танҳо дар намоишгоҳу фурӯшгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ мегарданд, балки барои беҳтаршавии сатҳи   зиндагӣ ва таъмини рушди устувори кишвар низ мусоидат менамояд.

 

Эмомалӣ  ШЕРАЛИЕВ,

декани факултети молия ва қарзи

Донишкадаи молия ва иқтисодиТоҷикистон

Март 19, 2018 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст