ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Чин сафар кард
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 19 март барои гузаронидани ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар доираи омодагӣ ба бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили дастаи мунтахаби Филиппин ба Чин сафар намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Чаншаи Чин то рӯзи 23 март идома меёбад.
Баъдан даста аз онҷо ба Манила сафар мекунад. Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 27 март дар Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ ба муқобили дастаи Филиппин танҳо ғалаба зарур аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






