Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» эътироф гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT», ки бори нахуст онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба маъраз гузоштаанд, аз ҷониби ташкилкунандагони Намоишгоҳ ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» арзёбӣ гардид.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ Абдукарим Қурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ гардида, дар он ширкатҳои сайёҳии «Роҳат тур», «Помир пикс», «Бадахшон тревл», «М Сайёд», ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон» ва осоишгоҳи «Сатурн» ширкат доштанд.
Ҳадафи иштирок дар намоишгоҳи мазкурро масъулин муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат менамоянд.









Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






