ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОХТМОНЧИЁНИ НБО-И «РОҒУН» МУЖДАИ НАВРӮЗӢ БУРД

Март 15, 2018 16:49

ДУШАНБЕ 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гурӯҳи таблиғотӣ бо шумули роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоирон, нависандагон, рассомон, ходимони театр ва кино, рӯзноманигорон, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту суҳбат бо сохтмончиёни НБО-и «Роғун» аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Роғун рафтанд.

Дар шаҳри Роғун ҳайати таблиғотӣ ба се гурӯҳ ҷудо шуда, бо сохтмончиёну муҳандисон, кормандони  техникӣ, ронандагон, нақбканон дар майдонҳои сохтмонӣ суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар баробари ин, аъзои гурӯҳ бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, толори мошинҳо, озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ, инчунин ҳолати нақбҳо ва дигар иншооти техникӣ-муҳандисӣ аз наздик шинос шуданд. Тавре муҳандисону сарварони қитъаҳои корӣ иттилоъ доданд, корҳо дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» бо сифати баланд ва тибқи реҷаи тасдиқшуда идома доранд.

Шоирон зимни суҳбат бо сохтмончиён дар мавзӯъҳои ифтихор аз Ватану ватандорӣ, васфи баҳори наву Наврӯзи ҷаҳонӣ, инчунин қаҳрамониҳои коргарону сохтмончиёни неругоҳи «Роғун» шеъру ғазалҳо қироат карданд.

Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо суруду навои фараҳбахшу дилнишин ба фазои сохтмонӣ рӯҳияи идонаи наврӯзӣ бахшиданд.

 

 

 

Март 15, 2018 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад