ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОХТМОНЧИЁНИ НБО-И «РОҒУН» МУЖДАИ НАВРӮЗӢ БУРД
ДУШАНБЕ 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гурӯҳи таблиғотӣ бо шумули роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоирон, нависандагон, рассомон, ходимони театр ва кино, рӯзноманигорон, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту суҳбат бо сохтмончиёни НБО-и «Роғун» аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Роғун рафтанд.
Дар шаҳри Роғун ҳайати таблиғотӣ ба се гурӯҳ ҷудо шуда, бо сохтмончиёну муҳандисон, кормандони техникӣ, ронандагон, нақбканон дар майдонҳои сохтмонӣ суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар баробари ин, аъзои гурӯҳ бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, толори мошинҳо, озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ, инчунин ҳолати нақбҳо ва дигар иншооти техникӣ-муҳандисӣ аз наздик шинос шуданд. Тавре муҳандисону сарварони қитъаҳои корӣ иттилоъ доданд, корҳо дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» бо сифати баланд ва тибқи реҷаи тасдиқшуда идома доранд.
Шоирон зимни суҳбат бо сохтмончиён дар мавзӯъҳои ифтихор аз Ватану ватандорӣ, васфи баҳори наву Наврӯзи ҷаҳонӣ, инчунин қаҳрамониҳои коргарону сохтмончиёни неругоҳи «Роғун» шеъру ғазалҳо қироат карданд.
Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо суруду навои фараҳбахшу дилнишин ба фазои сохтмонӣ рӯҳияи идонаи наврӯзӣ бахшиданд.











БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






