GUTEN TAG, TAJIKISTAN! Ширкати Германия тавассути қатора сайёҳони Аврупо ва Амрикоро ба Тоҷикистон меорад
ДУШАНБЕ, 21.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Директори ширкати сайёҳии Ҷумҳурии Федеративии Германия «Lernidee Erlebnisreisen GmbH» Нурлан Мукаш дар суҳбат ба Сафири Фавқулода ва Мухтори чумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Маликшо Неъматов чунин иброз намуl: «Ният дорем, ки бо 4 қатораи махсуси сайёҳӣ сайёҳони Аврупоӣ ва Амрикоиро бо сайрхати «Шоҳроҳи Абрешим» ба Тоҷикистон барем». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки ширкати «Lernidee Erlebnisreisen GmbH», ки ба ташкили сайру саёҳат тариқи қатора ба гушаҳои гуногуни олам машғул аст, соли 2017 бори нахуст як гурӯҳи калони 100- нафараи сайёҳонро аз Германия ва Амрико ба тамошои Тоҷикистон сафарбар намуда буд.
Директори иҷроияи ширкати мазкур Нурлан Мукаш дар мулоқот бо Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов изҳор намуд: «Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони сайёҳӣ буда, дар байни мардумони Аврупо ва Амрико ҳавасмандони зиёде нияти сафар ба кишвари шуморо доранд».
Ҳамзамон дар рафти сӯҳбат зикр гардид, ба сатҳи нав баромадани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рушди сайёҳӣ метавонад муосидати созгор намояд ва аз ин рӯ ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки бо 4 қатораи махсуси сайёҳӣ сайёҳони Аврупоӣ ва Амрикоиро бо сайрхати «Шоҳроҳи Абрешим» ба Тоҷикистон биёрад.
Сафири Тоҷикистон иброз дошт, ки бо қатораи махсуси сайёҳӣ ба сайри Тоҷикистон сафарбар намудани сайёҳони Аврупо ва Амрико тӯҳфаи хубе дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад ва Сафорат барои амалӣ шудани ин нияти нек омодааст ҳамаҷониба мусоидат намояд.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид






