Хизматчиёни давлатӣ неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеаянд-бардошт аз «Хониши парлумонӣ»

Март 16, 2018 10:29

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни давлатӣ ба ҳайси неруи асосӣ ва пешбарандаи давлат бояд барои ҷомеа намунаи садоқат ба ватану миллат ва Конститутсия, тимсоли поквиҷдонӣ, ватанпарастию масъулиятшиносӣ бошанд ва дастрасӣ ба мардум, робитаи наздик доштан бо аҳолӣ, татбиқи ҳамкории созанда бо ҷомеаро асоси фаъолияти худ ва мақомоти давлатӣ шуморанд. Матлаби мазкур зимни «Хониши парлумонӣ», ки дар мавзӯи «Роҳҳои ташкили низоми самарабахши идоракунии давлатӣ дар доираи таъкидҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» дар Парлумон   баргузор гардид, зикр шуд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ изҳор дошт, ки   такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ ҳамчун ҷузъи таркибии он дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъкид шуд, ки таҳаввулоти ҷаҳони муосир  дар назди Донишкадаи хизмати давлатӣ вазифаҳои наву пурмасъулият мегузорад. Хизмати давлатӣ дар шароити феълӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлат бояд беш аз пеш миёни давлат ва ҷомеа нақши ҳалқаи васлкунанда бозида, барои татбиқи манфиатҳои миллӣ, фаъолияти судманди мақомоти давлатӣ ва боло бурдани нуфузи  мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  таъкид гардидааст, ки ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд аст. Дар ин росто ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки фаъолиятро дар самти такмили низоми идоракунии давлатӣ батадриҷ идома дода, асосҳои банақшагирии стратегиро дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намояд.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушди /СМР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди минбаъда, қабл аз ҳама, ба таъмини фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ алоқаманд дониста мешавад. Дар ин раванд шаффофият ва ҳисоботдиҳии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ омили муҳим маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои СМР-2030 ва таъмини рушди хизмати давлатии касбии ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад бурд.

Дар «Хониши парлумонӣ» ҳамзамон кормандони масъули дигар идораҳои марбутаи мамлакат роҷеъ ба роҳҳои ташкили низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ибрози назар намуданд.

Март 16, 2018 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад