«ХОНИШИ ПАРЛУМОНӢ». Вакилон сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ва такмили низоми маъмурикунонии андозро баррасӣ карданд

Март 15, 2018 14:51

ДУШАНБЕ, 15.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ  «Хониши парлумонӣ» дар мавзӯи «Сода, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ва вобаста ба он такмили низоми маъмурикунонии андоз» баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султон хабар дод, аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода сухан гуфт.

Мавсуф иброз намуд, ки дар асоси таҳлилҳо оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи ватанию хориҷӣ барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар он як қатор сабукиҳо ва имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардида, аллакай мақомоти андоз баҳри татбиқи амалии тадбир  меандешанд.

Аз ҷумла, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ ва маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда, дар  баробари он, аз пардохти андоз аз фоида, андози содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба муҳлати 6 сол озод намудани корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво пешбинӣ карда шуд.

Зикр шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз маъмурикунонии андоз ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 тасдиқ гардида, амал дорад, ки мақсади он беҳтар намудани маъмурикунонӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ ва дар заминаи он таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ, такмили дониши касбии кормандон ва дар сатҳи замонавӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагон мебошад.

Аз ҷумла, моҳи январи соли 2018 шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, 2010 адад зиёд карда шуда, дар натиҷа имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» зиёда аз 61 580 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод намуда, ҷиҳати ба тартиби мазкур гузаронидани андозсупорандагони боқимонда чораҷӯиҳо идома доранд.

 

 

Март 15, 2018 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад