ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА МАМОЛИКИ АРАБ ТАВАССУТИ ҚУБУРҲО ИМКОНПАЗИР АСТ!

Март 31, 2018 12:44

ДУШАНБЕ, 31.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Олимон ва коршиносони масоили об пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди интиқоли об тариқи қубурҳоро воқеъбинона ва имконпазир медонанд. Шореҳи АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО мулоҳизоти онҳоро шарҳ медиҳад.

11 декабри соли 2017, шаҳри Уммон, пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ вориди ин кишвар гардида буданд, зимни вохӯрӣ бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Уммон, пешниҳод намуданд, ки ба ин кишвари арабӣ оби нӯшокиро метавон  ба воситаи қубурҳо аз Тоҷикистон интиқол дод.  Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои оби нӯшокӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро  ишғол мекунад ва тахминан 60 дарсади оби ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар кишвари мо тавлид мешавад.

«Барои интиқоли нафту газ дар ҷаҳон садҳо ҳазор километр қубурҳо сохта шудаанд. Чаро мо барои интиқоли оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Урдун қубурҳои интиқолдиҳандаи об насозем?»,-пешниҳод намуданд Сарвари давлати тоҷикон.

Вакилони урдунӣ ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кафкубӣ қабул намуданд, зеро ин кишвари арабӣ имрӯз аз ҷиҳати оби нӯшокӣ танқисӣ мекашад ва барои ҳалли ин мушкил роҳҳои мухталифро меҷӯяд. Тавре вазири захираҳои оби Урдун изҳор медорад, ин кишвар ҳамасола барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ наздик ба 300 миллион доллар сарф менамояд. 300 миллион доллар барои 1 сол! Тасаввур кардан душвор нест, ки барои даҳ сол чӣ миқдор маблағ хароҷот мешавад: 3 миллиард доллари ИМА!

Ин пешниҳоди Сарвари давлат бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан аз мушкили нарасидани оби нӯшокӣ дар миқёси ҷаҳон ба таври амиқ ва дақиқ огоҳ аст ва барои ҳалли ин мушкил тадбирҳои ғайричашмдошт, вале муфиду воқеӣ пешниҳод менамояд. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар понздаҳ соли охир бо ташаббуси Роҳбари давлати тоҷикон ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳафт қарорро вобаста ба масоили об қабул кард: аз ҷумла, эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар самти об. Ва, инак, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мавриди амал қарор гирифт.

Интиқоли об тариқи қубур аз Тоҷикистон ба Урдун ва дигар кишварҳои биёбони араб дар асоси таҳлилҳо ва омӯзишҳои зиёд баён шудааст. Олимон ва коршиносони соҳа самаранок будан ва татбиқи ин лоиҳаро имконпазир медонанд. Бояд гуфт, манзури Президенти мамлакат интиқоли оби кӯли Сарез аст, ки оби он аз захираҳои бузурги оби мусаффои нӯшокӣ дар минтақа мебошад. Кӯли Сарез дар баландии 3255 метр ҷойгир буда, бештар аз 17 км мураббаъ ғунҷоиш дорад. Истифодаи дуруст ва самараноки он имкон медиҳад, ки мушкили норасоии об дар минтақа барои солҳои тӯлонӣ ба таври мусбат ҳал карда шавад.

Сарчашмаҳои илмӣ ва маводҳои зиёди нашргардида шаҳодат медиҳанд, ки мушкили кӯли Сарез ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба миён омадаву барои ҳалли мусбати он роҳи ҳал ҷустаанд. Аммо наздик ба сад сол мешавад, ки барои ҳалли амалии ин мушкил иқдоми ҷиддӣ рӯйи даст гирифта нашудааст. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки ягон  шахсияти сиёсӣ ва ё илмӣ роҳи ҳалли мушкили кӯли Сарезро ба ин тарзе, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардаанд, ҷасорат накардаанд, ки изҳор кунанд. Олимони шӯравӣ роҳҳои гуногуни ҳалли мушкили кули Сарезро баррасӣ намудаанд, лекин он ҳама лоиҳаҳо аз ҷиҳати назариявӣ таҳия шудаву дар амал тадбиқ нагардиданд. Метавон гуфт, ки лоиҳаҳои коркардгардида  рӯйи коғаз мондаву касе аз роҳбарони сиёсии он замон сари амалигардонии он лоиҳаҳо иқдоми ҷиддӣ накардаанд.

Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Асоев зимни сӯҳбат зикр кард, ки барои интиқоли оби кӯли Сарез, тибқи хулосаҳои илмӣ чандин моделҳои мушаххас ва умумӣ таҳия карда шудаанд. Аз ҷумла, дар даврони шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки барои обёрии заминҳои беоби ҷумҳуриҳои поёноби Осиёи Марказӣ  оби кӯли Сарез истифода шавад, аммо он нақша рӯи қоғаз мондааст.

«Имрӯз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳанд, ки оби софи нӯшокии Тоҷикистонро харидорӣ кунанд, аз ҷумла оби кӯли Сарезро. Аммо амалӣ гардидани ин нақшаҳо аз ба анҷом расонидани лоиҳаҳои гуногун вобастагӣ дорад»,- изҳор кард Ҳ.Асоев.

Дар идома Ҳасан Асоев таъкид намуд, ки пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми аз ҷиҳати илмӣ воқеан амалишаванда мебошад ва имкони интиқоли об тавассути қубурҳо вуҷуд дорад.

Мутахассиси соҳаи гидрометеорология Номвар Қурбонов низ пешниҳоди интиқоли оби нӯшокӣ ба воситаи қубурҳоро амалишаванда арзёбӣ кард: «Агар вазъи сиёсии кишварҳои минтақа босубот ва амн бошад ва аз ҷониби кишварҳои муҳтоҷи  оби нӯшокӣ   лоиҳа маблағгузорӣ гардад, пас ягон мушкиле  барои амалӣ шудани он боқӣ намемонад. Агар қубурҳои интиқоли газу нафт барои хизматрасонӣ маблағҳои азимро тақозо кунанд, пас қубурҳои интиқоли оби ошомиданӣ ба чунин маблағҳои калон ҷиҳати хизматрасонӣ ниёз надоранд», — гуфт Н.Қурбонов.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби кишварҳои абарқудрати ҷаҳон чун Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин аллакай як лоиҳа ҷиҳати интиқоли оби  Кули Байкали  Россия ба шаҳри Ланҷоуйи  Чин мавриди таҳия ва баррасӣ қарор дорад. Ин ду кишвар мехоҳанд  аз Россия ба воситаи ҳудуди Муғулистон то устони Гансуи  Чин  қубур гузаронанд.  Қобили таваҷҷуҳ аст, ки қабл аз ин лоиҳа Вазири кишоварзии Россия Александр Ткачёв пешниҳод намуда буд, ки аз кишвари Олтойи Россия ба вилояти Синзян-Ӯйғури Чин об интиқол дода шавад.

Агар  ин ду кишвари пешрафта барои  интиқоли об  ба воситаи қубурҳо ба дарозии ҳазорҳо километр  иқдом карда бошанд, пас чаро интиқоли оби ошомиданӣ аз баландиҳои кӯҳсори Тоҷикистон ба биёбонҳои давлатҳои арабӣ, ки хеле камхарҷ ва аз ҷиҳати амниятӣ бехатар мебошад, амалӣ карда нашавад?

Бо гузашти як аср аз пайдо шудани кӯли Сарез  маҳз Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани хатари сейсмологӣ иқдом намуданд ва пешниҳод карданд, ки ҳам сокинони кишварҳо аз камбудии оби ошомиданӣ раҳо ёбанд ва ҳам иқтисоду иҷтимоиёт ва равобиту ҳамгироӣ миёни кишварҳо тақвият дода шавад. Ба таври сода гӯем, об дар кӯли Сарез ҷамъ мегардад ва барои дар як сатҳ нигоҳ доштанаш оби он бояд ҷорӣ карда шавад. Ин аст, ки Сарвари давлати тоҷикон роҳи самараноку манфиатбахшро пешниҳод карданд: Оби кӯли Сарез беҳуда ба дарёҳо ҷорӣ нашавад, балки барои таъмини эҳтиёҷоти сокинони сайёра равона карда шавад.

Ин иқдом имконпазир аст. Танҳо бояд иродаи қавӣ дошт, ки Пешвои миллати тоҷикон онро доранд ва он рӯз дур нест, ки ин иқдом амалӣ гардад.

Ҷасур АБДУЛЛО

Март 31, 2018 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад