Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Март 14, 2018 20:24

14.03.2018, Қазоқистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба ин сафар аҳамияти калон медиҳем.

Мо натиҷаҳои онро бисёр мусбат ва самарабахш меҳисобем.

Ҷонибҳо як қатор ҳуҷчатҳои дуҷонибаи тақозои замонро, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи мутақобилаи моро мукаммалтар сохтанд, ба имзо расониданд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи мо дар сиғаи стратегӣ густариш дода шавад.

Соли равон ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бисту панҷ сол пур шуд.

Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд.

Бо такя ба ин таҷриба, мо ният дорем, ки минбаъд тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба манфиати мардумони ду кишвар ва умуман минтақа густариш диҳем.

Ба масъалаи таҳкими шарикии стратегии мамлакатҳоямон мо ҳамеша аҳамияти афзалиятнок медиҳем.

Бинобар ин, як қисми муҳими сафар идомаи муколамаи байнидавлатӣ доир ба маҷмӯи васеи рушди муносибатҳои дуҷониба буд.

Қазоқистон имрӯз дар низоми робитаҳои байналмилалии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мавқеи пешсафӣ касб мекунад.

Соли гузашта гардиши дуҷонибаи мол миёни кишварҳоямон бисту чор фоиз афзоиш ёфт ва аз рӯи ҳаҷми он Қазоқистон миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намуд.

Дар ин росто, мо масъалаи густариши маҷмӯи ҳамкориямонро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт баррасӣ намудем.

Гап дар бораи рушди шаклҳои дарозмуддати ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва тавсеаи номгӯи табодули мол бо назардошти имкониятҳои ҷонибҳо меравад.

Густариши робитаҳоямон дар чунин бахшҳои бунёдии иқтисодиёт, ба мисли саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ метавонанд омили рушди муҳими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии мо гарданд.

Мо зимни музокироти доиршуда раванди мусбати мӯътадили ҳамгироии кишварҳоямонро дар қолаби сиёсӣ ва самти фарҳангию гуманитарӣ зикр намудем.

Мо бо Нурсултон Абишевич талоши қатъӣ дорем, ки минбаъд низ шарикиро дар ин самтҳо густариш диҳем, то онро ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам сатҳ бештар таҳким бахшем.

Мо ба он андешае ҳамфикр будем, ки аз рушди муваффақи самтҳои муайяншудаи муносибатҳои байнидавлатӣ аз бисёр ҷиҳат пешрафти минбаъдаи тамоми маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон вобаста мебошад.

Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирокчиёни фаъоли ҷараёнҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ маҳсуб мешаванд.

Мо бо Нурсултон Абишевич барои таҳкими иқтидори ҳамкорӣ  дар чаҳорчӯби СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷанба, ки ҳар ду ҷониб аъзои он мебошанд,  изҳори назар намудем.

Оид ба тамоми маҷмӯи масоили дорои хусусияти минтақавӣ ва байниминтақавии барои мо манфиатовар муфассал андешаҳоямонро баён намудем.

Аҳамияти ҳамкории минбаъда дар самти истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа зикр гардид.

Тоҷикистон алоқамандии худро ба уҳдадориҳои байналмилалӣ ва тавофуқоте, ки дар ин самт ба даст омадаанд, тасдиқ менамояд.

Мо тарафдори ҳамкории наздик ва созанда миёни давлатҳои минтақа оид ба ҳамаи самтҳои муносибатҳои вобаста ба об  мебошем.

Дар маркази тавачҷуҳ масоили вобаста ба амният қарор доштанд.

Мо ҳавасмандии мутақобиларо барои тамдид ва таҳкими ҳамкорӣ дар сиғаҳои гуногун оид ба масоили мубориза бо хатару чолишҳои ҷаҳонӣ тасдиқ намудем.

Зарурати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори мо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, интиқоли маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.

Мо маҷмӯи масъалаҳоро оид ба Афғонистон, ки кишварҳои мо доир ба он мавқеи ягона доранд, баррасӣ намудем.

Мо барои амалҳои минбаъдаи якҷоя оид ба мусоидат ба барқарорнамоии сулҳ ва субот дар Афғонистон изҳори назар намудем.

Таваҷҷуҳи зарурӣ ба масоили рушди робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ равона гардид.

Аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар таъкид гардид.

Дар самти ба ҳам наздик шудани мардумони мо ҷамъиятҳои тоҷикон ва қазоқон нақши муҳим доранд.

Дар ин росто мо оид ба иқдомҳои муштараки минбаъда ҷиҳати дар ҳудуди давлатҳоямон ташкил намудани  шароити мусоид барои фаъолияти марказҳои миллии фарҳангии ду ҷамъият дар самти муҳофизат ва рушди  махсусиятҳо, анъанаҳои маънавию фарҳангӣ, оинҳо ва забони давлатӣ изҳори назар намудем.

Дар ин робита иқдоми ҷониби Қазоқистонро дар мавриди ба яке аз кӯчаҳои Остона додани номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ маъқул медонем.

Мехостам зикр намоям, ки чун рамзи эҳтиром ба хотираи фарзандони номдори мардуми қазоқ яке аз кӯчаҳои маркази Тоҷикистон номи мутафаккири барҷаста Абайро дорад.

Муносибатҳои байнидавлатӣ, пеш аз ҳама, бар робитаҳои байни одамон, ҳам дар сатҳи мансабдорон ва ҳам шаҳрвандони одӣ асос ёфтаанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам аҳамияти имзои Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҷонибҳоро дар қаламрави якдигар зикр намоям.

Акнун шаҳрвандони мо метавонанд ҳангоми сафарҳои мутақобилаи худ дар қаламрави ҷонибҳо бидуни бақайдгирӣ то 30 рӯз ва бо бақайдгирӣ — то 90 рӯз қарор дошта бошанд.

Натиҷаҳои музокироти имрӯза, бе муҳобот, ба мо имкон медиҳанд, ки ба ояндаи дурнамои шарикии стратегии кишварҳоямон бо умеди бузург ва нек назар кунем.

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Зимни ҳар як сафар ба Остона, ман аз дастовардҳои бузурги кишвари шумо ба ваҷд меоям.

Қазоқистон дар замони истиқлолият дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими некӯаҳволии мардуми худ ҷаҳиши қавӣ намуд.

Дар ҳамаи ин дастовардҳои Қазоқистон саҳми Роҳбари он, дӯсти деринаам, ходими сиёсӣ ва давлатии дорои таҷрибаи бузург ва нуфуз, муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев бузург аст.

Саҳми Шумо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳоямон низ аҳамиятнок мебошад.

Шумо ҳамчун ҷонибдори фаъоли ин раванд ба рушди созандаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоед.

Мо сатҳи ноилшудаи ҳамгироии байни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо барои талошҳоятон дар ин самт, барои дастгирӣ ва кумаке, ки ҳамеша ба мо мерасонед, миннатдории самимиамонро изҳор медорам.

Бо камоли эҳтиром, Шуморо даъват менамоям, ки дар вақти бароятон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафар ташриф оред.

Аз дидоратон дар сарзамини Тоҷикистон шод хоҳем буд.

Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич ва дар симои Шумо ба мардуми Қазоқистон барои истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавии қазоқӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ташаккур.

 

Март 14, 2018 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид