Мафтуна Муродуллоева дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуд

Март 15, 2018 15:14

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Литсеи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд  Мафтуна Муродуллоева дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб доир шуд, соҳиби Шоҳҷоиза шуд.

Тавре сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, олимпиада 7 март бо иштироки 300 нафар наврасони донандаи арифметикаи аз 5 то 14-сола аз 9 кишвари дунё доир гардид. Тоҷикистонро дар олимпиада ҳашт нафар наврас аз шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карда, як нафар бо Шоҳҷоиза ва дигарон бо мақомҳои гуногун ба Ватан баргаштанд.

Ҳамин тавр, ду хонандаи дигари синфи 8-и Литсеи физикӣ — математикии №1-и шаҳри Хуҷанд  Сабрина Зиёбоева ва Ҷаҳонгир Усмонов дар ин олимпиада иштирок намуда, Сабрина мақоми аввал ва Ҷаҳонгир ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

Ҳамчунин Сумайя Ёдгорова аз мактаби хусусии Пулотов мақоми аввал, Азизҷон Саидов, хонандаи синфи 6 в-и мактаби хусусии «Файз» ҷойи сеюм, Наҷминисо Бобоҷонова, Комрон Бобоҷонов ва Диловар Абдуллоев аз литсеи политехникии шаҳри Хуҷанд мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд.

 

Март 15, 2018 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд