Маркази омӯзиши минтақавӣ оид ба пешгирӣ намудани терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ мавриди истифода қарор гирифт

Март 20, 2018 17:26

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши минтақавӣ оид ба пешгирӣ намудани терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ, ки барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими расмии ифтитоҳи марказ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Президенти Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ва директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидов сухан карданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар мубориза бар зидди таҳдиди силоҳи қатли ом ва маводи марбута ба он ва таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон як аст. Ифтитоҳи чунин марказ дар хаёти Академияи илмҳо воқеаи илмӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Имрӯз тамоми мардуми сайёра эҳтиёҷ доранд, ки бо ҳама гуна яроқҳои қатли ом мубориза баранд ва аз гардиши ғайриқонунии он пешгирӣ кунанд. Изҳори умед карда шуд, ки марказ ба кормандони  Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ баҳри такмили сатҳи касбии ҳайати шахсӣ дар истифодаи шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом, инчунин силоҳи маъмулӣ кумаки назаррас хоҳад расонд. Ҳамчунин марказ барои бартараф намудани маводи ғайриқонунӣ ва шаклҳои дигари қочоқ, ки марзҳои Тоҷикистонро убур карда метавонад, мусоидат мекунад.

Сипас, маросими ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ ва санади супоридани таҷҳизот сурат гирифт, ки онро кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ва директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидов ба имзо расониданд.

Мавриди зикр аст, ки дар бунёди марказ Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 370 ҳазор доллари ИМА саҳмузорӣ кардаанд. Марказ аз чор майдони таълимии берунӣ, гузаргоҳи бо нуқтаи санҷишӣ таҷҳизонидашуда, дарвозаҳо барои гузариши нақлиёт ва пиёдагардон пешбинишуда ва толори маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2016 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии амал тасдиқ гардид. Ин нақша як қатор чорабиниҳо ва бандҳои мухталифро доро буда, баҳри бартараф кардани терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом равона карда шудааст. Дар нақша ҷалби мутахассисон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои марбута, ки ба пешгирии терроризм алоқамандӣ дорад, таҳия гардидааст. Дар ин марказ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз таҷҳизоти муосир тартиби пешгирии терроризмро меомӯзанд.

Тавре директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар марказ дар як сол 6 омӯзиши минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки даври аввали он аз 16 то 20 апрел баргузор хоҳад гашт.

«Нақшаи миллии амал то соли 2021-ро дар бар гирифта, тибқи он таҷҳизонидани тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ва  фурудгоҳҳои байналмилалӣ бо порталҳои радиатсионӣ дар назар дошта шудааст. Дар айни замон дар 12 гузаргоҳи сарҳадӣ (Чин, Ӯзбекистон ва Афғонистон) порталҳои радиатсионӣ пурра васл гардида, то соли 2021 тамоми 33 гузаргоҳи сарҳадӣ бо порталҳои радиатсионӣ муҷаҳҳаз мешаванд. Соли 2018 дар назар аст, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо порталҳои радиатсионӣ муҷаҳҳаз гардад»,-илова намуд манбаъ.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Март 20, 2018 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд