Масъалаҳои дастгирӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳия ва такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва барномаву стратегияҳо бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тавассути баргузор намудани курсҳои омӯзишӣ, роҳу усулҳои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуданд, аз ҷумла, амалӣ намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ҳамчун таҷрибаи пешқадами минтақавӣ, эътироф гардидани имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд ва ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ омодагии худро барои дастгирии бахши сайёҳӣ иброз намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






