Муҳаббат Юлдошева ягона бонуест, ки ба ҳунари сандуқсозӣ машғул аст

Март 21, 2018 15:38

ДУШАНБЕ, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Спитамен ноҳияи наздисарҳадӣ маҳсуб ёфта, бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Дар ноҳия зиёда аз 130 ҳазор аҳоли дӯстона зиндагӣ дошта, мардум аксаран бо кишту кор, чорводорӣ ва боғдориву ҳунармандӣ машғул мебошанд. Ҳамчунин дар ноҳия ҳунармандон хеле зиёданд. Аз ҷумлаи ҳунармандон бонувон низ ҳастанд, ки ба ҳунарҳои қадимӣ, аз қабили сабадбофӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, зардузӣ, тоқидӯзӣ, адрасу атласбофӣ, ҷомадӯзӣ рӯзгор пеш мебаранд.

Ба  иттилои мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Азиза Валиҷонова, дар ноҳия 78 нафар бонувони ҳунарманд ба қайд гирифта шудаанд, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногун даъват гардида, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бар онҳо пайваста кумаку ғамхориҳо карда мешавад.

Бонуи ҳунарманд Муҳаббат Юлдошева дар маркази ноҳия, ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев истиқомат мекунад ва дар ноҳия ягона бонуест, ки ба ҳунари сандуқсозӣ нони ҳалол пайдо карда, фарзандонро ба камол мерасонад. Ба нақли ин бону ин ҳунарро ӯ бо тақозои ҳаёт аз шавҳараш Миряҳё омӯхтааст: «Ман аслан дӯзанда ҳастам. Вақте ба ин оила арӯс шуда омадам, шавҳарам ба ин касб машғул буданд. Ман он касро кумак мекардам. Вале бо сабаби беморӣ шавҳарам дигар натавонистанд, ки ин ҳунарро давом диҳанд ва ин ҳунарро ба ман омӯзониданд ва инак зиёда аз 20 сол боз аз қафои ин ҳунар зиндагӣ пеш мебарам».

Муҳаббат-апа  дар давоми суҳбаташ нақл кард, ки дар оилаи марди ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Мазбут дуредгар буда, ин касб авлодӣ мебошад. Шояд ҳамин сабаб гардида бошад, ки ин зани заҳматкаш ин ҳунарро бо зудӣ аз худ намудааст.

Дар идомаи суҳбат Муҳаббат-апа аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки бо талошу заҳмат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда шуданд ва ин иқдоми Пешвои миллат онҳоро дилгарм намуда, кӯшиш доранд, ки зиёдтар маҳсули дастони худро ба фурӯш бароранд.

Ин зани ҳунарманд чор фарзанди худро аз даромади ин касбаш ба камол расонида, тӯю маъракаҳои арӯсиву домодӣ анҷом додаст. Айни ҳол ҳамроҳаш се нафар шогирдонаш ба омӯхтани ин касб камари ҳиммат баста, ӯро кумак мекунанд.

Фирӯз БОҚӢ,

сармуҳаррири ҳафтаномаи

«Паёми Спитамен»- и ноҳияи Спитамен

Март 21, 2018 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад