НАВРӮЗ-МУЖДАИ АВВАЛИН АЗ БАҲОРИ ХУҶАСТАПАЙ ВА ЭҲЁИ ТАБИАТ. Дар Кумитаи рушди маҳал ҷашни фирӯзи аҷдодӣ таҷлил гардид

Март 20, 2018 17:32

ДУШАНБЕ, 20.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҷамъомад баргузор  гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ҳозиринро бо ин ҷашни  аҷдодӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони соҳибиистиқлолии мамлакат Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо карда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузург байналмилалӣ гардид.

Зикр гардид, ки Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.

Қосим Роҳбар зикр намуд, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамасола ҷашнвораи шукӯҳманди аҷдодии худ- Наврӯзро, ки рутбаи ҷаҳонӣ дорад, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи расму оинҳояш гиромӣ медоранд.

Имсол Наврӯзро халқи тоҷик бо рӯҳбаландӣ аз рӯйдоди таърихии эҳёи равобити дӯстона бо давлати ҳамҷавори Ӯзбекистон шодкомона таҷлил менамоянд.

Март 20, 2018 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад