НАВРӮЗ-МУЖДАИ АВВАЛИН АЗ БАҲОРИ ХУҶАСТАПАЙ ВА ЭҲЁИ ТАБИАТ. Дар Кумитаи рушди маҳал ҷашни фирӯзи аҷдодӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ҳозиринро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони соҳибиистиқлолии мамлакат Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо карда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузург байналмилалӣ гардид.
Зикр гардид, ки Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.
Қосим Роҳбар зикр намуд, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамасола ҷашнвораи шукӯҳманди аҷдодии худ- Наврӯзро, ки рутбаи ҷаҳонӣ дорад, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи расму оинҳояш гиромӣ медоранд.
Имсол Наврӯзро халқи тоҷик бо рӯҳбаландӣ аз рӯйдоди таърихии эҳёи равобити дӯстона бо давлати ҳамҷавори Ӯзбекистон шодкомона таҷлил менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






