Номи кӯчаҳои «Ташкентская», «Варзобская», «Варзоб ГЭС-и боло», «Московская» ва «Тунис»-и шаҳри Душанбе иваз гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки 15 марти соли равон баргузор гардид, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи кӯчаи «Ташкентская»-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи «Тошканд», кӯчаи «Варзобская»-ро ба номи «Варзоб», кӯчаи «Варзоб ГЭС-и боло»-ро ба номи «Шаббода», кӯчаи «Московская»-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи «Москва», кӯчаи «Тунис»-и ноҳияи Синоро ба номи «Хоразмӣ» иваз кард.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд, ки тибқи қарорҳои мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсӣ вазифадор гардидаанд, ки бақайдгирии истиқоматкунандагони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар ин кӯчаҳо нишонаҳои марбутаро насб созанд.
Мавриди зикр аст, ки иҷрои қарорҳои мазкур ба зиммаи раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе гузошта шудаанд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






