Нуриддин Давронов дар ҳайати дастаи «Мадуро Юнайтед»-и Индонезия ба дарвозаи ҳарифон боз гол зад!

Март 5, 2018 15:59

ДУШАНБЕ, 05.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов, ки дар ҳайати дастаи «Мадуро Юнайтед»-и Индонезия ҳунарнамоӣ менамояд, муаллифи гол гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи омодагӣ ба мавсими нав дастаи Давронов бо дастаи «Хеган Юнайтед»-и Сингапур бозии рафиқона анҷом дода, бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 4 нафар бозингарони асосии ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе — Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов ба дастаҳои Индонезия ва Ҷаҳонгир Алиев ба дастаи «Насаф»-и Ӯзбекистон гузаштанд.

Нуриддин Давронов охири моҳи декабри соли 2017 бо дастаи «Мадуро Юнайтед»-и Индонезия шартномаи 1-сола баста, рақами 22-и дастаи мазкурро соҳиб шуд. Дар ҳайати ин дастаи индонезиягӣ Давронов ҳамроҳ бо собиқ ҳамлагари дастаи «Локомотив»-и Москва Питер Одимвинге ҳунарнамоӣ мекунад.

Ӯ голи нахустини худро барои дастаи наваш аввали соли равон дар бозии даври якуми мусобиқоти «Suramadu Super Cup 2018», ки дар Индонезия гузаронида мешавад, ба сомон расонид. Бозии мазкур, ки бо дастаи «Персия» сурат гирифта буд, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт. Дар ин бозӣ футболбози тоҷик 90 дақиқа ҳунарнамоӣ намуда, бо задани зарбаи ҷаримавии мустақим муаллифи гол гардид.

Дастаи «Мадуро Юнайтед» аз шаҳри Памекасани Индонезия мебошад. Варзишгоҳи он «Гелора Бангкалан» буда, дорои 15 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Чемпионати соли 2018-и Индонезия 24 феврал оғоз гардид ва охири моҳи октябр ба анҷом мерасад. Аз рӯи натиҷаҳои мавсими қаблӣ «Мадуро Юнайтед» дар «Лигаи 1»-и чемпионати Индонезия мақоми панҷумро ишғол намуд.

Март 5, 2018 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд