ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои офтобӣ дар назар аст

Март 20, 2018 08:52

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш  дар назар аст.

Имрӯз, 20 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 7-9 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Март 20, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад