ОБУ ҲАВО: то 15 март дар Тоҷикистон эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани тарма дар назар аст

Март 13, 2018 08:42

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 15 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пойдор буда, боришоти борон ва дар баландиҳои 2000 м боридани барф дар назар аст.

Тавре аз Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи ин рӯзҳо таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.  Дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.

Имрӯз, 13 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 1-4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони пуршиддат пешбинӣ карда мешавад.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 7-9 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

 

Март 13, 2018 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад