«ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ». Сабқате, ки ҳамкорӣ ва равобити дӯстонаи иштирокдоронашро сайқал медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ байни намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин чорабинӣ сафирон ва кормандони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва роҳбарияту кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки сабқатҳои варзишӣ аз рӯи бозиҳои волейбол, теннис, тенниси руйи миз, шоҳмот ва футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ доир гардида, ҳадаф аз баргузории он оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими ҳамкорӣ ва равобити дӯстона байни кормандони корпуси дипломатӣ мебошад.
Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






