Пагоҳ Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 марти соли 2018 Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир мегардад. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ёфта буд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосия баррасии як зумра масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт ворид гардидаанд. Аз ҷумла, оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, дар бораи шунидани ҳисоботи раисони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, дар бораи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор мегиранд.








АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид






