ПАЗИРОИИ ҲУНАРМАНДОНИ БАРҶАСТАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДАРОМАДГОҲИ «КОХИ БОРБАД»
ДУШАНБЕ, 08.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, имшаб ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.
Худи ҳамин рӯз ҳунармандон аллакай тамрини муштаракро оғоз намуданд. Субҳ дар даромадгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» санъаткорони шинохтаи Ӯзбекистонро Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ва оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода истиқбол гирифтанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нимаи дуюми рӯзи 9 март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Дар ин консерт устодони санъати Тоҷикистон – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Нигина Амонқулова, ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом» ва дигарон низ ҳунарнамоӣ мекунанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






