Пешвои миллат: «Ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ба шукронаи ин неъмати бузурги табиат ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем»
ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст». Ин суханонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили ҷашни Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таъкид намуданд.
Пешвои миллат Наврӯзро яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ номида, зикр карданд, ки он таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон ба ҳисоб меравад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.
«Дигар ин, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст», — изҳор доштанд Роҳбари давлат.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.
Пешвои миллат Наврӯзи имсоларо барои мардуми тоҷик ҷашни таърихӣ номиданд. Зеро дар рӯзи ин ҷашни бостонӣ ва рӯзи ҷаҳонии об Маҷмаи умумии СММ дар ҷаласаи махсуси худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро расман оғоз бахшид, ки ин рӯйдод дар ҳақиқат мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст.
«Ташаббуси чоруми кишвари мо дар сатҳи глобалӣ ва ба хотири ҳалли яке аз мушкилоти асосии зиндагии аҳли башар – дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар муддати даҳ соли оянда дар миқёси сайёра амалӣ мегардад. Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ба шукронаи ин неъмати бузурги табиат ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем»,-илова намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






