Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.
Дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳақиқат барои Тоҷикистон ва Ўзбекистон рўйдоди басо муҳим аст.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар навбати худ иброз намуд, ки «муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ҳар ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду давлат ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушнудӣ кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бар зарурати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои байнипарлумонии ҳарду мамлакат таъкид карданд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






