Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандгардонии бонувони поккори пойтахт 2 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд

Март 5, 2018 11:33

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз  бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои пойтахт, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо  гардид.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Тибқи ин қарор масъулин вазифадор гардидаанд, ки  то 6 марти соли 2018  маблағҳои ҷудогардидаро тибқи рӯйхат дар  фазои тантанавӣ  ба  бонувон   дастрас намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт барномаҳои  фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони варзида доир мегарданд.

 

 

Март 5, 2018 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад