Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ комиссия таъсис дод
ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ комиссия таъсис дод. Ҳайати ин комиссия тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе минбаъд лоиҳаи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони биною иншоотро танҳо дар асоси протоколи комиссияи мазкур таҳия ва барои мувофиқасозӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ пешниҳод менамоянд.
Дар асоси ин қарор муқаррар шудааст, ки ҷаласа оид ба мувофиқасозии лоиҳаи қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои марбута дар назди муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, масъулини масъалаҳои сохтмон, меъморӣ ва замин бо иштироки раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе баргузор гардида, аз натиҷааш ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод карда мешавад.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






