Садорат Мавлонова, табиб: «Ҳамарӯза аз зан-модар буданам ифтихор мекунам»

Март 7, 2018 09:24

«Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».

 Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Агар  баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози корҳои нави ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғози зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Дар арафаи Рӯзи Модар мухбири АМИТ «Ховар»  бо табиб Садорат Мавлонова – як тан фаъолзане, ки ҳамарӯза барои саломатии бонувон заҳмат мекашад ва холо дар Маркази саломатии шаҳрии пойтахт фаъолият дорад,  ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Садорат Мавлонова: Ба  андешаи ман, рисолати ҳар зан, новобаста аз замону макон- ин тарбияи фарзанди оқил мебошад.  Рисолати  зан-модар дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ хеле калон аст. Зани тоҷик аз азал зани меҳнатдӯст ва коргар буда, дар баробари мард барои ободии диёр ва оилаи  худ дар тамоми соҳаҳо ҷаҳд дорад.

«Ховар»: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Садорат Мавлонова: Албатта, мусоидат мекунад. Ягон  шахс дар зиндагӣ наметавонад муҳаббатеро беҳтару  хубтар аз муҳаббати модар ба фарзанд диҳад.  Модар  чароғи хона буда, барои тарбияи фарзанд масъул аст ва танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму гуворо ва пиндори шоистаи ӯ фарзанд тарбияи хуб мегирад,  дуруст ба камол расида, обрӯи волидайнро дар ҷомеа  баланд мебардорад. Махсусан  духтарон тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла, ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ, ҳунари пухту паз ва дигар зарурати ҳаётро аз модари худ меомӯзанд.

«Ховар»: Нақши занону модарон дар даврони истиқлолият дар тарбияи фарзандон чӣ гуна аст?

Садорат Мавлонова: Имрӯз зани тоҷик мақоми хосеро дар ҷомеа  касб кардааст. Вай  имкон дорад дар дилхоҳ донишгоҳу донишкада ё дар хориҷи мамлакат таҳсил кунад, касби дӯстоштаашро интихоб намуда, аз рӯи он кор намояд. Имрӯз қариб дар ҳамаи вазорату идораҳо занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъол мебошанд. Ин ҳама аз мақоми баланд доштани занони тоҷик дар ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба таҳсил, касбомӯзӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо диққати махсус медиҳанд.

 «Ховар»: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардаед?

Садорат Мавлонова: Ҳамарӯзаю ҳар лаҳзаи ҳаёт  аз зан буданам ифтихор мекунам. Ҳар замоне, ки ба зане дасти  кумак дароз мекунам, ифтихор мекунам. Вақте табассуми духтарчаамро мебинам, аз модар буданам мефахрам. Умуман, ҳар як шахс дар зиндагӣ бояд танҳо аз он ифтихор кунад, ки вай инсон аст ва дар баробари инсон буданаш амалҳои инсониро иҷро мекунад.

«Ховар»: Мегӯянд, ки фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Садорат Мавлонова: Албатта, бо табассум. Ҳар бегоҳ ҳангоми аз кор ба хона омадан ҳарчанд хаста бошам ҳам, кӯшиш мекунам бо кушодани дари хона табассум кунам. Дигар фазои хонаро бо пухтани таомҳои лазиз таскинбахш менамоям.

«Ховар»: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик?

Садорат Мавлонова: Ба занону модарони тоҷик чун табиби занона, пеш аз ҳама, саломатию бардамӣ таманно менамоям. Илоҳо дар хонаи ҳар зани тоҷик овози хандаи кӯдакон пайваста  танинандоз бошад.

Ибодат ДАВЛАТОВА,

АМИТ «Ховар»

Март 7, 2018 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст