«САЛОМ, ТОҶИКИСТОН!». Гурӯҳи нахустини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омад

Март 20, 2018 11:18

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам густариш меёбад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар заминаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд, гурӯҳи аввалини сайёҳони Ўзбекистон ба Тоҷикистон омаданд.

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ўзбекистон нигаронида шудааст.

Тибқи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳуқуқ доранд, ки  ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид  ба  кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистону Ўзбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Нахустин гурӯҳи сайёҳони Ўзбекистонро намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуда, дар назди муҷассами Исмоили Сомонӣ ҳамоиши «Салом, Тоҷикистон!» баргузор гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барномаи ҷолиби боздид аз имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Ўзбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.

Дар доираи сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ сайёҳон бештар аз осоишгоҳҳои «Хоҷаобигарм», «Шоҳамбарӣ», «Оби шӯр»-и Ваҳдат ва «Зумрад» дидан менамоянд.

Дар доираи сайёҳии экологӣ табиати нотакрор, манзараҳои зебову назаррабо, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои мусаффо, олами набототу ҳайвонот макони беҳтарин барои сайру саёҳат буда, он бешак, бо ҳамин рангорангии хеш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Аз ҷумла, онҳо аз мавзеи Искандаркӯл, Ҳафткўл, Ромит, кӯҳҳои Аловуддин боздид менамоянд.

Дар сайёҳии зиёратӣ кишвари мо дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, ин имкониятҳо ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷа мебошанд. Сайёҳони Ўзбекистон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва зиёратии кишвари мо дидан мекунанд ва ин маконҳо барои онҳо бисёр ҷолиб мебошад.

Ҳоло ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ўзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ мешаванд.

 

Март 20, 2018 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ