Ширкати «IRS»: «Роҳи Душанбе-Чаноқ кушода ва ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин аст»

Март 14, 2018 16:22

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзҳои охир  бар асари боришоти  пай дар пайи барфу  борон   дар роҳи Душанбе — Чаноқ фаромадани теъдоди зиёди  тарма ва  лағжидани кӯҳпораҳо  сарбории кори  кормандони  филиали Ширкати саҳомии  «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки  нигоҳдории  роҳи мазкурро  бар дӯш доранд,  хеле зиёд кардааст. Алҳол роҳи Душанбе — Чаноқ  кушода буда,   ҳаракати муназзами  воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Тавре сардори маркази матбуоти  филиали ширкати мазкур Далери Абдулло ба АМИТ «Ховар»  иброз дошт,  боридани барфу борон дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ аз 26 ноябри соли гузашта шурӯъ гардида, бо таваққуфи кӯтоҳмуддат бемайлон идома дорад. Ҳарчанд ҳоло дар водиҳо аз барф нишоне нест, вале дар ин масир боридани барф, борони пуршиддат, тармафароӣ ва лағжидани кӯҳпора хеле зиёд ба амал меояд. Алҳол баҳри нигоҳдории роҳи мазкур   кормандони филиали  Ширкат истифодаи густурдаи неруи кормандон ва техникаву механизмҳои мавҷударо, ки теъдодашон зиёда аз 181 ададро ташкил медиҳад,  сафарбар  намудаанд.  Онҳо    роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зидди лағжишро ба  таври густурда ба роҳ мондаанд.

Муҳимтар аз ҳама, новобаста аз боришоти шадиди барфу борон ва тармафароӣ  ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир (ба истиснои замони бартарафсозии тармаҳо) умуман қатъ нагардидааст. Тармафароӣ  асосан  дар километрҳои  48-72, лағжиши сангпораҳо дар километрҳои  20  ва  39,  бориши беисти борон дар километрҳои 10-157-уми роҳ ба амал меоянд.

Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, низоми корҳо зери назорати ҷиддӣ  қарор дорад.

Хотиррасон менамоем, ки шоми  10 марти соли равон дар километри 71,600 –уми роҳи Душанбе – Чаноқ тармаи бузургҳаҷм фаромад, ки  дарозиаш  270 метр ва баландиаш 8 -10 метрро ташкил медод. Кормандони филиали Ширкат  6 техникаи пуриқтидорро барои  тоза кардани роҳ аз тарма  сафарбар карда,  бори   аввал  булдозерҳоро истифода бурданд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба боришоти шадиду тармафароии  зимистони солҳои 2016-2017 филиали Ширкат теъдоди муайяни булдозерҳоро, ки  истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи олам мебошанд, харидорӣ намуда буд.   Истифодаи булдозерҳо мушкили пешинаи  кормандони филиали ширкатро осон намуд ва онҳо  дар як муддати кӯтоҳ ин офати табииро   бартараф  намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, хати доимии  филиали ширкат бо шумораи   487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина тадбирандешӣ  сурат мегирад.

Филиали ширкат  аз ронандагоне, ки  тариқи роҳи  мошингарди Душанбе—Чаноқ  ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки  тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро    (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, аломати исти садамавӣ ва ғайра)  дар мадди назар дошта,  бидуни омодагии ҷиддӣ ба   сафар набароянд.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  риоя намуда,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

 

 

Март 14, 2018 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.8763 то 10.9200 сомонӣ муқаррар шудааст
Вобаста ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Ҷавонони далери ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан ба хизмати Ватан гусел карда шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон шартнома оид ба ҳамкорӣ бастанд
Дар Мянма тахмин мезананд, ки шумораи ҳалокшудагони заминларза аз 3 ҳазор нафар бештар мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани шаҳрванд аз ҷойи истиқомат чӣ гуна амалӣ мегардад?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Бангкок ба 20 нафар расид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia сазовори ҷойҳои намоён гардиданд