«Шукӯҳи нафт рафту асри об аст»-шарҳи матбуот

Март 1, 2018 12:37

ДУШАНБЕ 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад, — бо ҳамин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (26.02.2018,№42-43) аз чоп баромад. Дар шумораи мазкур матни қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп шудаанд.

Муҳтавои шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (27.02.2018,№44) аз мақолаҳои таҳлилии зерин: «Дастгирии иҷтимоӣ. Шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ муайян шуд», «Амнияти озуқаворӣ. Тадбирҳое, ки бояд бетаъхир анҷом диҳем»,   «Қатъи воридоти мошинҳои кӯҳна. Иқдом барои ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист», «Шаҳраки хурд. Бунёди он дар рушди сайёҳӣ таъсиргузор хоҳад буд» ва навиштаи Фаридун Ориёӣ бо сарлавҳаи «Маърифаткушӣ ё сиёсати муаллимкуши ҲНИТ» ташкил додаанд. Муаллифи мақолаи «Маърифаткушӣ ё сиёсати муаллимкуши ҲНИТ» чунин навиштааст: «Методикаи тарсонидан ва афкандани даҳшат бо тарсондани муаллим дар низомҳои динӣ-теократӣ, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ хостори билофосилаи он аст, шурӯъ мешавад. Бар илова, хомӯш кардани чароғи маърифат, ки муаллим афрӯхта медорад, бар уҳдаи наҳзатиён ва наҳзатмаслакон аст. Бо куштани маърифат ва тарс додани субъекти раванди маориф – муаллим ҷомеа таҳти султаи таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор мегирад ва роҳ барои истибдоди иҷтимоӣ ва фақри фикрӣ ҳамвор мегардад. Дурнамои сиёсати наҳзатӣ ҳамеша бар ин нуқта – маърифаткушӣ ва ҷаҳолатписандӣ тамаркуз доштааст ва тамоми созмонҳои террористии мазҳабӣ, бо пешгоми раванди маърифатӣ ва фарҳангӣ – муаллим мубориза мебаранд, чаро ки аз ӯ сахт дар ҳаросанд. Бинобар ин гурӯҳҳои мазҳабӣ маҳз бо муаллим ва нҳоди муаллимӣ ҷиддӣ душманӣ меварзанд ва талош мекунанд, бо раддимаъракасозиҳои сунъӣ ӯро аз муборизаи идеологӣ мунсариф созанд».

«Ҷумҳурият» (28.02.2018,№45) аз ҷараёни Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва оид ба ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои муфассал чоп кардааст. Нашрия оид ба фаъолияти судҳои иқтисодии мамлакат мақолаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзодаро бо сарлавҳаи «Судҳои иқтисодӣ. Бардошт аз як соле, ки гузашт» пешкаши хонандагон намудааст.

Шумораи имрӯзаи нашрияи Маҷлиси Олии мамлакат «Садои мардум» (01.03.2018,№27) оид ба баргузор шудани соати парлумонӣ дар мавзӯи «Вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар чоп кардааст. Соати парлумонӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайринисо Юсуфӣ баргузор гардида, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар ҷаласа зикр карда шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз соли 2000 то соли 2015 аз бемории сил 33 миллион нафар фавтидааст, ки дар натиҷа ба иқтисодиёти ҷаҳон 617 миллиард доллари ИМА зарар расидааст. Директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил Аслиддин Раҷабзода изҳор кард, ки табобати беморӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил, 4 маркази зиддисилии вилоятӣ ва 66 маркази зиддисилии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст.

Нашрияи русзабони «Народная газета» оид ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ гузоришҳо чоп карда, ҳамчунин матни суханронии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 25 — солагии таъсиси Артиши миллӣ бознашр кардааст. Нашрия дар бораи аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, аз ҷумла, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари муфассал пешкаши хонандагон кардааст.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои «Пайкари фарҳанг ва ҷаҳонишавӣ», «Шукӯҳи нафт рафту асри об аст», «Забони тоҷикӣ унсури худшиносии миллист», «Ҳунарҳои мардумӣ – ҷузъи фарҳанги миллат» ва дигар хабару навгониҳои соҳаи маорифи мамлакатро инъикос кардааст.

«Адабиёт ва санъат» минбари эҷодкорони Тоҷикистон шумораи навбатии худро ба равобити фарҳангии ду давлати ҳамсоя- Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида, шеърҳои шоирони тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло ва шеърҳои шоирони ӯзбек Эркин Воҳидов, Мирмуҳсин, Абдулло Орифов, Эътибор Охунова ва дигаронро, ки дар васфи дӯстии ду миллат эҷод шудаанд, бознашр кардааст.

 

 

 

Март 1, 2018 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид