«СОҲИЛИ ПОК». Дар ҳифзи покии об бояд масъулияти бештар дошта бошем
ХОРУҒ, 15.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола баъди об шудани барф шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хоруғ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро ба ҳамоиши «Соҳили пок» даъват мекунад. Мудири шуъбаи мазкур Фарҳод Мамадназарбеков гуфт, ки баъди чанд рӯз мардуми тоҷик беҳтарин ҷашни миллӣ- Наврӯзи бостониро истиқбол мегирад ва яке аз фазилатҳои асосии ин ҷашн тозаву пок намудани муҳити зист мебошад.
Дар ҳамоиш наздик ба 100 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва иддае аз сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ширкат намуданд. Мудири шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хоруғ гуфт, ки «дар фасли зимистон иддае аз сокинони маҳаллаҳо, бозору мағозаҳои назди соҳили рӯдхонаҳои Ғунду Панҷ партову ахлотро ба лаби дарё мепартоянд. Баъди баланд шудани сатҳи об ин ҳама ахлоту партов ба дарё мерезанд ва ҳам ҷонварони зери обро нобуд месозанду ҳам ба саломатии сокинони поёноб зарар мерасонанд. Маълум аст, ки захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз кӯлу дарё ва пиряхҳои Бадахшон сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ сокиноне, ки дар саргаҳи ин об истиқомат мекунанд, дар ҳифзи покии он бояд масъулияти бештаре бар дӯш дошта бошанд».
Фарҳод Мамадназарбеков гуфт, ки «мутобиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то соли 2040 наздик ба 40 миллион нафар одамони сайёра аз беобӣ макони зисти доимии худро тарк мекунанд. Аммо дар кишвари мо захираи кофии оби соф мавҷуд аст ва аҳолӣ бидуни мушкил метавонад асрҳо аз он баҳра барад. Муҳим ин ки нисбат ба ин неъмати бузурги табиат эҳтироми хосса зоҳир кунанд ва онро покиза нигоҳ доранд».
Мутобиқи нақша, ин ҳамоиш то моҳи май идома меёбад ва ба он тамоми сокинони ноҳияҳои вилоят ҷалб карда мешаванд.








Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






