«СОҲИЛИ ПОК». Дар ҳифзи покии об бояд масъулияти бештар дошта бошем

Март 15, 2018 15:47

ХОРУҒ, 15.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола баъди об шудани барф  шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хоруғ  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро ба ҳамоиши «Соҳили пок» даъват мекунад. Мудири шуъбаи мазкур Фарҳод Мамадназарбеков гуфт, ки баъди чанд рӯз мардуми тоҷик  беҳтарин ҷашни миллӣ- Наврӯзи бостониро  истиқбол мегирад ва  яке аз фазилатҳои асосии ин ҷашн тозаву пок намудани муҳити зист мебошад.

Дар ҳамоиш наздик ба 100 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва иддае аз сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ширкат намуданд. Мудири шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хоруғ гуфт, ки «дар фасли зимистон иддае аз сокинони маҳаллаҳо, бозору мағозаҳои назди соҳили рӯдхонаҳои Ғунду Панҷ партову ахлотро ба лаби дарё мепартоянд.  Баъди баланд шудани сатҳи об ин ҳама ахлоту партов ба дарё мерезанд ва ҳам ҷонварони зери обро нобуд месозанду ҳам ба саломатии сокинони поёноб зарар мерасонанд. Маълум аст, ки захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз кӯлу дарё ва пиряхҳои Бадахшон сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ сокиноне, ки дар саргаҳи ин об истиқомат мекунанд, дар ҳифзи покии он бояд масъулияти бештаре бар дӯш дошта бошанд».

Фарҳод Мамадназарбеков гуфт, ки «мутобиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то соли 2040 наздик ба 40 миллион нафар одамони сайёра аз беобӣ макони зисти доимии худро тарк мекунанд. Аммо дар кишвари мо захираи кофии оби соф мавҷуд аст ва аҳолӣ бидуни мушкил метавонад асрҳо аз он баҳра барад. Муҳим ин ки нисбат ба ин неъмати бузурги табиат эҳтироми хосса зоҳир кунанд ва онро покиза нигоҳ доранд».

Мутобиқи нақша, ин ҳамоиш то моҳи май идома меёбад ва ба  он тамоми сокинони ноҳияҳои вилоят ҷалб карда мешаванд.

 

Март 15, 2018 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд